Рубрики Хабарҳо

Иқтисоди Русия аз таъсири таҳримҳо хурд шудааст

Тавлиди нохолиси дохилии Русия дар семоҳаи дувуми соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чаҳор дарсад коҳиш ёфтааст. Яке аз сабабҳои ин рукуди иқтисодӣ таҳримҳои Ғарб пас аз таҷовузи низомии Русия ба Укроин арзёбӣ мешавад. 

Бонки Марказии Русия пешбинӣ карда буд тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар дар соли 2022 чаҳор то шаш дарсад коҳиш дошта бошад. Ин сенариё акнун рух дода аммо на дар бадтарин ҳолате, ки арзёбӣ шуда буд. 

Идораи миллии омори Русия дар гузорише, ки мунташир сохт эълом кард тавлиди нохолиси миллӣ дар се моҳаи дувуми соли ҷорӣ (апрел то июн) нисбат ба даври мушобеҳи соли гузашта чаҳор дарсад коҳиш ёфтааст. 

Коршиносон пеш аз ин эҳтимол медоданд ин коҳиш, ки таҳримҳои Ғарб дар вокуниш ба таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дар он нақши муҳиме дорад, то наздик ба панҷ дарсад бошад. 

Идораи омор иллати рукуди иқтисодиро баён накардааст, аммо таҳлилгарони коҳиши қудрати хариди шаҳрвандону талабот ва таҳримҳоро муҳиммтарин омили ин вазъият арзёбӣ мекунанд. 

Бо таваққуфи рушди иқтисодӣ ва идомаи рукуд, тавлиди нохолиси дохилӣ дар Русия ба сатҳи соли 2018 суқут кардааст. Ҳамлаи низомӣ ба Укроин 24 феврал оғоз шуд ва семоҳаи дувуми сол, нахустин фасле аст, ки ба таври комил таҳти таъсири паёмадҳои ин ҳамла қарор дорад. 

Таваққуфи рушди иқтисодӣ ва идомаи рукуд 

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки иқтисоди Русия дар семоҳаи замистон 3.5 дарсад рушд карда буд коҳиши чаҳор дарсадии тавлиди нохолиси дохилӣ дар се моҳаи дувуми имсол нигаронкунандатар ба назар мерасад. 

Бонки Марказии Русия дар тозатарин арзёбии худ пешбинӣ кардааст, ки иқтисоди ин кишвар дар се моҳаи севуми имсол ҳафт дарсад кӯчактар шавад ва ин рукуд дар се моҳи охири сол ташдид шавад. 

Сандуқи байналмилалии пул баровард кардааст рукуди иқтисодии Русия амиқ ва идомадор хоҳад буд. Ин ниҳод пешбинӣ мекунад миёнгини рукуди иқтисодӣ дар сол ҷорӣ  ба шаш дарсад бирасад ва соли оянда тавлиди нохолиси дохилӣ 3.5 дарсад коҳиш ёбад. 

Бо ҷорӣ кардани таҳримҳои густурда мизони таваррум низ дар Русия ба шиддат афзоиш ёфт. Бонки Марказии Русия мизони таваррум дар соли ҷориро 12 то 15 дарсад пешбинӣ ва ибрози умедворӣ кардааст афзоиши қиматҳо дар соли оянда байни чаҳор то шаш дарсад бошад. 

Бонки Марказии Русия умедвор аст соли 2024 ба ҳадафгузории худ барои таварруми чаҳордарсадӣ даст пайдо кунад. Миёнаи моҳи июл мизони таваррум дар Русия аз марзи 15 дарсад андаке болотар рафт. 

Ин бонк барои муқобила бо рукуди иқтисодӣ ва суқути арзиши рубл, пули миллии Русия дар моҳҳои пас аз ҳамла ба Укроин баҳраи банкиро ибтидо афзоиш ва дар моҳҳои баъдӣ се бор коҳиш дод.

Иқтисоди Тоҷикистон ҳам, ки ба пули муҳоҷирон сахт вобастагӣ дорад, метавонад аз кӯчакшавии иқтисоди Русия зарар бинад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *