Фавзия Рауфӣ, намояндаи мардуми Форёб дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Анатолуи Туркия зимни ишора ба ташдиди ҳамалоти Толибон тайи рӯзҳои ахир таъкид кардааст “тавофуқи сулҳи Амрико ва Толибон сиёсӣ буд, хориҷиҳо моро бозӣ доданд”.
Дар пайи ташдиди ҳамалоти Толибон дар Афғонистон тайи рӯзҳои ахир ба мувозоти шуйӯъи вируси коруно дар ин кишвар, ки рӯз ба рӯз бар теъдоди қурбониён ва мубталиён ба ин беморӣ афзуда мешавад, Фавзия Рауфӣ, намояндаи мардуми Форёб дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори “Анатолу” зимни арзёбии авзоъ тасреҳ кард, ки коруно ва ташдиди ҳамалот нигаронии мардумро амиқтар кардааст.
Рауфӣ, ки 14 сол аст намояндаи Маҷлиси Афғонистон буда ва огоҳии комил аз раванди ҳаводис дар ин кишвар дорад, изҳор дошт: Ҳамалоти Толибон ахиран афзоиш ёфта ва ин мавзӯъ нигаронии мардумро, ки ин рӯзҳо бо муъзали коруно ҳам мувоҷиҳ ҳастанд, бештар ва амиқтар кардааст.
Вай дар идома ба муҳосираи шаҳри Маймана, маркази вилояти Форёб (ҳавзаи интихобии худ) тавассути гурӯҳи Толибон ишора ва хотирнишон кард: Дар ҳоли ҳозир мардуми дохили шаҳри Маймана муҳосира ҳастанд ва ҳар лаҳза эҳтимоли вуқӯъи ҳодисаи бад меравад ва ин вазъият бар бими мардум меафзояд.
Рауфӣ афзуд: Дар вилояти мо Форёб, ҳамалот бисёр афзоиш ёфта ба гунае, ки ин раванд нигаронии моро ҳам ба мувозоти мардум амиқтар карда ва ман ин масъаларо ба давлат интиқол додаам. Аммо мутасифона давлат аз паси мушкил бар намеояд ва авзоъ рӯз ба рӯз бадтар мешавад.
Намояндаи мардуми Форёб дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар идома тасреҳ кард: Имрӯз мардуми Афғонистон бо се марази кушандаи фақр, коруно ва ҷанг мувоҷиҳ ҳастанд ва ноамнӣ шароитро буғранҷтар кардааст.
Тавофуқи сулҳ сиёсӣ буд, сулҳи рӯйи коғаз ба кори мо намеояд
Рауфӣ дар идома ба тавофуқи сулҳи Амрико ва Толибон дар (29 феврал 2020), ки Залмай Халилзод, намояндаи вежаи Иёлоти муттаҳида барои сулҳи Афғонистон ва мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сиёсӣ гурӯҳи Толибон дар Доха онро имзо карданд, ишора ва таъкид кард: ин тавофуқ як масъалаи сиёсӣ буд ва мушкили моро ҳал накард ва ҳал нахоҳад кард.
Вай тасреҳ кард: Имзои сулҳи рӯйи коғаз ба кори мо намеояд ва мо думболи натоиҷи амалӣ, ки воқеан сулҳро ба маънии воқеии калима барои мардум ба армуғон овард ҳастем ва он чи барои мо муҳимм аст сулҳи пойдор аст ва тавофуқҳое, ки ба ин сулҳи пойдор тамом шавад. Ва илло сулҳи рӯйи коғаз мушкили мардуми Афғонистонро, ки бо маразҳои кушандаи фақр ва коруно ҳам дасту панҷа нарм мекунанд ҳал нахоҳад кард, таъкид мекунам ин мавзӯъ сиёсӣ буда ва мо думболи роҳкори амалӣ барои рафъи муъзали ҷанг ва ноамнӣ ҳастем.
Намояндаи Толибон дар Доха тавофуқи сулҳ имзо мекард ва раҳбарони он дар Афғонистон дастури ҳамла медоданд
Намояндаи мардуми Форёб дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар айни ҳол ин нуктаро хотирнишон кард, ки Толибон ҳеҷ гоҳ ба тавофуқи сулҳ поибанд набудааст.
Рауфӣ гуфт: “Баъд аз тавофуқе, ки Халилзод дар Доха имзо кард, як ҳафта илло якуним ҳафта оташбас муваққат барқарор буд ва дар ин муддат, Толибон талафоти бисёр сангине бар нерӯҳои давлатӣ ворид кард бахусус дар Ҳилманд ва Форёб ва даҳҳо нуқтаи Афғонистон, ки ҷангу даргирӣ буд ва ҷанг ҳеҷ гоҳ мутаваққиф нашуд. Аз тарафи нерӯҳои давлатӣ ҷанг каме сард буд аммо аз тарафи Толибон, ҳамалот идома дошт”.
Вай идома дод: Дуруст вақте, ки Халилзод барои имзои тавофуқи сулҳ дар Доха буд, боз Толибон ба ҳарфи худ поибанд набуданд ва аз як тараф намояндаашон, мулло Абдулғанӣ Бародар тавофуқро имзо мекард ва аз тарафи дигар ба дастури раҳбарони ин гурӯҳ ҳамалот дар саросари Афғонистон ҷараён дошт.
Намояндаи мардуми Форёб дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон таъкид кард, ки Толибон ба ҳарф ва тааҳҳудоти худ аслан поибанд нестанд ва мардуми Афғонистонро дар ҳама ҳолот ғофилгир карда ва ба ҳамалоти худ идома медиҳанд.
Хориҷиҳо моро бозӣ доданд
Вай дар иртибот бо тавофуқи мазкур ин нуктаро маврид таъкид қарор дода ва афзуд: Хориҷиҳо моро бозӣ доданд ва агар онҳо иқдоми дурусте анҷом медоданд имрӯз авзоъ ба ин сурат дар намеомад, ки ҳамалоти Толибон афзоиш ёбад.
Намояндаи мардуми Форёб дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон ҳамчунин ба афзоиши қатлҳои занҷираӣ баъд аз тавофуқи сулҳ ишора ва тасреҳ кард: Дар ҳафтаҳои ахир панҷ тан аз кормандони бонки давлатӣ дар гумруки Ҳирот дар масири бозгашт ба маркази шаҳр, дар масири шоҳроҳи Исломқалъа дар минтақаи Аҳмадобод аз сӯи Толибон рабуда ва кушта шуданд ва ин гуна ҳаводис ноамниро доман мезанад ва табиатан шароитро буғранҷтар мекунад.
Ҷуз умед роҳе надорем
Рауфӣ дар идома бо ишора ба рӯйкарди давлати Афғонистон дар қиболи ҳамалоти гурӯҳи Толибон, ки ба вижаи ин рӯзҳо дар моҳи рамазон бар шиддати он афзуда шуда, гуфт: Дар муқобили ҳама ин иттифоқот давлат ҳанӯз сокит аст ва ҳеҷ коре наметавонд анҷом диҳад.
Вай таъкид кард: Бо таваҷҷуҳ ба сукути давлату вахомати авзоъ мо танҳо умедамон ба Худост.
Намояндаи мардуми Форёб дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон таъкид кард: Сулҳ дар Афғонистон як амри зарурӣ аст ба вижа аз ҳайси занон ин амр зарурат дорад. Ҳар полисе, ки шаҳид мешавад фарзанди як модар, ҳамсар як зан аст. Мо занон аз сулҳ истиқбол мекунем ва хоҳони барқарории сулҳи пойдор ҳастем.
Гуфтанист Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Иёлоти муттаҳида барои сулҳи Афғонистон ва мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сиёсии гурӯҳи Толибон 29 феврали соли ҷорӣ тайи маросиме дар Доха, пойтахти Қатар тавофуқномаи сулҳи миёни Амрико ва Толибонро имзо карданд.
Бар асоси ин тавофуқ, қарор аст низомиёни амрикоӣ ва НАТО зарфи 14 моҳ аз Афғонистон хориҷ шаванд. Интизор мерафт бо ин тавофуқ ҳудуди бист соли ҷанг дар Афғонистон, ки мунҷар ба кушта шудани даҳҳо ҳазор ғайринизомии афғон ва 3592 сарбози амрикоӣ ва иътилофи байналмилалӣ шуда, поён ёбад. Аммо мутобиқи он чи намояндаи Маҷлиси Афғонистон ба “Анатолу” мегӯяд ҳамалоти Толибон ташдид шуда ва фақру ҷанг ба мувозоти коруно шароити бадеро барои мардуми ин кишвар ба вуҷуд овардааст.
Сообщение ПАЁМ.net.