Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дода, ки баъди дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоӣ паҳн шудани сабти навори лату кӯби сарбозон ва таваҷҷӯҳи густардаи ҷомеаро ба он, назорат бар меҳтарсолорӣ дар артишро пурзӯр кардааст.
“Бо дастури Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии кишвар доир ба муайян кардани ҳолатҳои ҷой доштани чунин таҷрибаи номатлуби бадрафторию бузургсолорӣ (дедовщина), лату кӯби хизматчиёни ҳарбӣ ва дар ин замина муайяну ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор, баланд бардоштани масъулият ва ҳисси ҷавобгарии ҳайати роҳбарикунандаи қисмҳои ҳарбӣ санҷишҳои прокурорӣ гузаронида шуда, назорат дар ин самт пурзӯр карда шуд” — омадааст дар иттилоия.
Иттикои додситонии кулл ба навори моҳи апрел ва хабари пурзӯркунии назорат бар меҳтарсолорӣ дар артиш дар ҳолест, ки ин гуна наворҳо даҳсолаҳост зуд-зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешаванд, вале қаблан ҳеҷ вокунише аз ҷониби Додситонии кулл надошт.
Солона бинобар латукӯбу шиканҷа дар артиш садҳо ҷавон ҷони худро аз даст медиҳанд ё маъюби якумрӣ мегарданд, аммо то ҳол ҳеҷ иқдоми муассире аз ҷониби Додситонии кулл гирифта нашудаст.
Бештар аз ҳама навору хабарҳои ҷинояте, ки аз латукӯб сабуктар нест ва дар ҳама қонунҳои ҷаҳонӣ он “одамрабоӣ” талаққӣ мешавад — сарбозрабоӣ ё “облава” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мегарданд, аммо то ҳол на Додситонии кулл ва на ҳеҷ ниҳоди масъули дигаре алайҳи ин ҷинояти густарда ва дастаҷамъӣ иқдоме накардаанд. Баръакс ҳамаи ин ниҳодҳои масъул мекӯшанд онро тавҷеҳ кунанд.
Коршиносон мегӯянд яке аз сабабҳои меҳтарсолорӣ дар артиш ҳамин бетаваҷҷӯҳӣ ё ҳатто тавҷеҳи ниҳодҳои тафтишотӣ аз сарбозрабоӣ аст, ки ба афсарон дар артишу кормандони комиссариати ҳарбӣ ҷуръат додааст ҳар коре дилашон мехоҳад нисбати сарбозон анҷом диҳанд.
Гуфтанист, дар наворе, ки Додситонии кулл ба он ишора мекунад чанд меҳтарсарбоз кеҳтарсарбозонро латукӯб ва таҳқир мекунанд.
Баъди ду ҳафтаи нашри ин навор Додситонии кулл хабар дод, ки дар “натиҷаи санҷиши ҳодисаи лату кӯби сарбозон нисбати хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии № 0215 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардориКомендатураи якуми сарҳадӣ, подполковник Лазуриев Н.Х. вакомандири ротаи қисми ҳарбии мазкур,капитан Юсупов Ш.Ф. бо моддаи 391 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержантон Камолов А.Ш., Саидфуллоев Х.Ҳ. бо моддаҳои 373 қисми 2 бандҳои “а,б,в” ва 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаториҳо Нозимов М.Б., Қосимзода Ҷ.А., Азимов Ф. Б., бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “а,б,в” ва сержанти хурд Холматов С. Қ. бо моддаи 373 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон ба ҳабс гирифта шуданд”.
Дертар ин ниҳод аз ирсоли парвандаи дар 20 майи соли 2023 ба Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабр дод.
Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли соли ҷорӣ Лазуриев Н. Х. ва Юсупов Ш. Ф. дар содир намудани ҷиноятӣ дар моддаи 391 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, нисбаташон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин кард.
Гурӯҳбонҳо (сержант) Камолов А. Ш. ва Саидфуллоев Ҳ.Ҳ. бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “а,б,в” ва моддаи 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд.
Инчунин, сарбозони қаторӣ Нозимов М. Б., Қосимзода Ҷ. А. ва Азимов Ф. Б. бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “а,б,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳбони хурд Холматов С. К. бо моддаи 373 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 солу 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.