13 октябри соли 2025 бо дастгирии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии “ПЛАСС-Форум Digital Tajikistan” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти расмӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзод, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, директори иҷроияи Шурои тиҷоратии Амрико ва Тоҷикистон Елена В. Сон-ЛаРокко, директори Маркази идоракунии лоиҳаҳои ҳукумати рақамӣ дар назди Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Мансуров ва намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ доир ба вазъи кунунии иқтисоди кишвар, нақши давлат дар ташаккули иқтисоди рақамӣ, дурнамои рушди ҷомеаи рақамӣ, таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар гузариши рақамии бахши давлатӣ ва рушди e-Gov, нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар рушди иқтисоди рақамӣ ва зиёд кардани дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ, саҳми институтҳои байналмилалӣ дар бахши гузариши рақамӣ ва рушди устувори кишвар, нақши Шурои тиҷоратии Амрико ва Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва дигар равандҳои иқтисоду тиҷорати рақамӣ суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ қайд намуд, ки “мо дар давраи таҳаввулоти муҳим — давраи иқтисоди рақамӣ зиндагӣ дорем. Ҳоло рақамикунонӣ танҳо воситаи технологӣ нест. Он ба пояи устувории иқтисод, шаффофият ва самаранокии давлатдорӣ табдил ёфтааст. Бахши молиявӣ дар ин раванд нақши калидӣ дорад. Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчун танзимгари низоми бонкӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти давлатӣ солҳои охир барои таҳкими қонунгузорӣ, инфрасохтори пардохт, татбиқи технологияҳои муосир ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон қадамҳои ҷиддӣ гузоштааст.
Маҳз дар ҳамин замина Стратегияи рушди низоми пардохт барои солҳои 2015–2025 ва Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022–2026 қабул гардиданд, ки имрӯз ба сутуни асосии сиёсати молиявии кишвар табдил ёфтаанд.
Ҳамзамон, қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» қадами бузург дар рушди иқтисоди рақамӣ мебошад. Тибқи ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пардохтҳои давлатӣ ва хизматрасониҳои муздноки давлатӣ танҳо тариқи ғайринақдӣ бояд амалӣ карда шаванд. Ин иқдом сиёсати давлатии молиявиро ба марҳилаи нав ворид намуда, дар таърихи иқтисоди кишвар ҳамчун гардиши калидиву стратегӣ ва қадами устувор ба сӯи иқтисоди шаффоф ва рақамӣ сабт хоҳад шуд”.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар ва таҳти раҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат дар соли 2025 ба марҳилаи нави инноватсионӣ ворид мешавад. Дар маркази таваҷҷуҳ таҳкими инфрасохтори пардохт, тақвияти эътимод ва фарогирии молиявӣ қарор дошта, дар ин самт татбиқи як қатор лоиҳаҳо пешбинӣ мешавад, ки қадамҳои дигари Тоҷикистон ба сӯи иқтисоди рақамии бехатар ва ҳамгиро мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар панелҳои Форуми мазкур иштирокдорон дар мавзуъҳои “Рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рушди зеҳни сунъӣ дар бозори молиявии Осиёи Марказӣ дар соли 2025: тадқиқоти бонкҳои марказӣ”, “Хизматрасониҳои бонкӣ дар 5 соли оянда. Тамоюлҳо, рушд ва интизориҳо”, “Пардохтҳои оянда: аз субот ба навоварӣ”, “Амният ва бехатарии киберӣ дар низоми бонкӣ ва соҳаи пардохт. Нақш ва вазифаҳои иштирокчиёни бозор дар таъмини он. Стратегияҳои нави амнияти киберӣ барои соли 2025”, “Танзими фаъолияти технологияҳои молиявӣ дар марҳилаи кунунии гузариши рақамӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон”, “Гузариши бонкҳо ва хизматрасониҳои давлатӣ ба шабакаҳои рақамӣ: монеаҳо ва роҳҳои ҳал (таҷрибаи Россия ва Ӯзбекистон)”, “Тиҷорати электронӣ дар Осиёи Марказӣ. Имкониятҳои стратегияҳои нави бизнес ва технологияҳо”, “Логистика дар давраи «Digital Tajikistan»: гузариши рақамӣ ва рушди иқтисоди сабз – роҳ ба сӯи ояндаи устувор”, “Нақши технологияҳои рақамӣ дар баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва пешбурди гузариши сабз дар Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳои рақамӣ суханронӣ ва мубодилаи афкор намуданд.
Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар соҳаи рақамисозӣ, аз ҷумла модернизатсияи ҳукумати электронӣ, таъсиси низоми пардохти миллӣ ва рушди технологияҳои молиявӣ пешравиҳои назаррас дошта, ҳадаф аз баргузории чунин ҳамоишҳо фароҳам овардани майдони муҳокима ва баррасии масъалаҳои муҳимми ин соҳа дар минтақа мебошад.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube