Дар шаҳри Бишкек имрӯз даҳҳо нафар ба нишони ҳимоят аз фаъолони мадание тазоҳурот карданд, ки мақомоти интизомии Қирғизистон онҳоро боздошт кардаанд.
Боздоштшудагон мухолифи тарҳи созишномаи таъйину аломатгузории марз бо Узбекистон ҳастанд. Пулис теъдоди боздоштшудагонро нагуфтааст.
Пештар аз ин вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, ки парвандаи барномарезӣ ва омодагӣ барои ошӯбҳои оммавиро таҳқиқ мекунад.
Боздошт ва кофтукоби хонаҳои фаъолони маданӣ ва сиёсатмадорон дар замоне сурат мегирад, ки интизор меравад, Қирғизистогн ва Узбекистон созишномаи таъйину аломатгузории марзи ду кишварро имзо кунанд.
Расонаҳо хабар дода буданд, ки ба муносибати имзои созишнома Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон сафар мекунад. Аммо, баъдтар гуфта шуд, ки ин сафар ба рӯзи номаълум мутаваққиф шудааст.
Агар ин тарҳи созишнома ба имзо расад, Қирғизистон бояд қаламрави обанбори Кампиробод дар масоҳати бештар аз 4 400 гектарро ба Узбекистон бидиҳад ва дар иваз 19 ҳазор гектар заминро аз ҷойи дигаре бигирад.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки созиш ба нафъи мардуми кишвараш аст.
Гуфтанист, дар Қирғизистон боздоштҳои дастаҷамъӣ сурат гирифтанд. Вакилони собиқ ва феълӣ, шахсони мансабдор, фаъолон ба хотири дода шудани обанбори Кампиробод Қирғизистон ба Узбекистон рӯзи 22 октябр гирдиҳамоӣ доир карданд ва аз паи он боздошти густардаи тазоҳургарон сар шуд.
Ба иттилои хабаргузории 24.kg, 22 октябри соли 2022 кумитаи ҳимоят аз обанбори Кампир-обод таъсис дода шуда, ба он фаъолон, сиёсатмадорон ва вакилони мардумӣ шомиланд.
Ҳабсҳои оммавӣ рӯзи якшанбе шурӯъ шуданд. 21 нафар дар СИЗО-и Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Бишкек ва навоҳии вилояти Чуй ба ҳабс гирифта шуданд. Собиқ вакили парлумон Қанат Исаев низ барои як моҳ боздошт шуд.
Дар хонаҳои тазоҳургарони боздоштшуда кофтуковҳо анҷом дода шуд.
Имрӯз дар Ӯш алайҳи интиқоли обанбори Кемпир-обод ба Узбакистон ва озодии баён гирдиҳамоӣ баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, ки гирдиҳамоӣ дар майдони марказии пойтахти ҷануби кишвар соати 13.00 баргузор мешавад. Мақомот ба мардум огоҳӣ додаанд, ки ба гирдиҳамоӣ набароянд.