Агентии зидди фасод дар Тоҷикистон аз қаллобкории узви ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон, сармуҳосиби Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар медиҳад.
Раҷабов Рустам Темурович дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш» фаъолият бурда, аз соли 2016 то 2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷчатҳои расмӣ, ба корхона ва давлат зарари калони моддӣ расондааст.
Дар гузориши Агентӣ омадааст, ки «Раҷабов ҳақмузди кормандони мактабро зиёд нишон дода, маблағи умумии 114 ҳазор 466 сомониву 66 дирамро тасарруф намудааст».
Манбаъ меафзояд, оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Раҷабов бо моддаҳои 245 қисми 3 банди «а» ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Таъкид мегардад, ки пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ӯ ба суд фиристода шуд.