Сомонаи Пайк менависад, идораи Беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб дар қарз ғутидааст, аммо даъвои қаҳрамонӣ дорад
Ин идора ба ҷойи кам кардан ҳамсола бар қарзҳои худ меафзояд ва имсол қарзи он ба 12 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Масъулини ин ниҳод дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки қарздории хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва кишоварзон аз Идораи Беҳдошти замин ва обёрии минтақа 1 миллиону 2 64 ҳазору 155 сомониро дар бар мегирад. Тавре, Амирхон Маҳсиддинов, раиси Идораи Беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб иттилоъ дод, фақат қарзи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Фархор ва ноҳияи Восеъ беш аз 8 миллион сомонӣ аст. Ҳамзамон, қарзи Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб ба 820 ҳазору 260 сомонӣ баробар будааст. Ба гуфтаи манбаъ 70 фисад маблағи зикргардида ба Хоҷагии деҳқонии «Мир Саид Алии Ҳамадонӣ»- и ҷамаоти деҳоти Зиракӣ тааллуқ дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки сокинон мегӯянд, ки пули об, андоз ва дигар хароҷотро пардохт мекунанду дастрасӣ ба об надоранд.
Тибқи иттилои манбаи хабар Идораи мазкур аз барқ, андоз, об, фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва музди меҳнат дар маҷмуъ 1 миллиону 2 64 ҳазор сомонӣ қарз дорад. Инчунин 2 миллиону 438 ҳазор сомонӣ аз андоз, 7 миллиону 749 ҳазор сомонӣ аз барқ, 2 милиону 225 ҳазор фонди ҳифзи иҷтимоӣ, 414 ҳазор музди меҳнатро Идораи Беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб пардохт накардааст.
Дар ҳамин ҳол 50 дар сади техникаҳои корӣ корношояманд
Табиист, ки масъулон чунон ҳисобот пешниҳод мекунанд, ки гӯё мушкилие надоранд, дар ҳоле, ки шикояти сокинон рӯз аз рӯз оид ба норасоии оби полезӣ меафзояд. Аммо ҷаноби Маҳсиддинов афзуд, ки нисбат ба соли сипаригардида 6984 ҳазор метри кубӣ таъминоти об ба кишоварзон зиёд шудааст.
Аз рӯи гузориши Амирхон Маҳсиддинов, раиси Идораи Беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб нақшаи тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо 108 дар сад ва поккорӣ кардани шабакаҳои обдиҳи 101 дар сад иҷро гардидааст. Магар ин қаҳрамонӣ нест? Савол медиҳад масъули ниҳод. Аммо, Вале гуфта нашудааст, ки дар кадом ҷамоат ва чигуна дар ҳолати ғутавар будан ба ин қадар қарзи ҳангуфт замин обёрӣ кардаанд ва нақшаро зиёда аз 100 дар сад иҷро кардаанд. маълум мешавад руирост мардумфиребӣ мекунанду дурӯғ мегӯянд.