Дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон муовини Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Ингминг Янг аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) боздид ба амал овард.
Дар ҷараёни ин боздид 28 майи соли равон мулоқоти судманд бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва иқтисодшиносони барҷастаи кишвар низ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода барои саҳми босазо ва дастгирии ҷаноби Янг дар пешбурди лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бахусус дар самтҳои рушди инфрасохтор ва таҳкими таҳсилоти касбӣ изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин, роҳбарияти донишгоҳ барои ҳамкориҳои пайваста ва саҳми арзандаи ҷаноби Ингминг Янг дар рушди соҳаи маориф ва иқтисоди кишвар, бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ, ӯро бо унвони “Профессори фахрӣ”-и ДБССТ қадрдонӣ намуд.
Ин қадршиносӣ бозгӯйи арҷгузорӣ ба талошҳои муштараки байналмилалӣ ҷиҳати рушди неруи инсонӣ, дастгирии лоиҳаҳои стратегӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube