Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ, кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе се нафар – Олимов Саъдӣ, Арзумурадов Азизҷон ва Юлдашев Суҳробро ҳангоми интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.
Аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар маҷмӯъ 16 килограмм маводи нашъадори навъҳои “Ҳашиш” ва “Афюн” мусодира карда шуд.
Ҳоло нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube