Рубрики Хабарҳо

9 сокини Истаравшан бо иттиҳоми латукӯби милисаҳо боздошт шуданд

Раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Суғд аз боздошти 9 сокини шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми латукӯбу таҳқири кормандони милиса хабар дод. Ин ниҳод бо нашри гузорише дирӯз 2 июл гуфт, гурӯҳе аз сокинони деҳаи Лакати Истаравшан се маъмури милисаро зада, “монеи иҷрои фаъолияти хидматии онҳо шудаанд”.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 31- уми май замоне рух додааст, ки кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Истаравшан пайи таҳқиқи як хабари оперативӣ дар заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳаи Лакат қарор доштанд.

Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд, дар гузориши видеоӣ гуфтааст, ин гурӯҳи сокинони деҳа ба милисаҳо муқобилият нишон дода, ба кори онҳо монеа эҷод кардаанд.

Дар гузориш рӯшан гуфта нашудааст, ки баҳсу ҷанҷоли сокинон бо маъмурини милиса аз чӣ сар зад ва кормандони интизомӣ дар ин деҳ чиро таҳқиқ мекарданд.

Назар ва мавқеи сокинони гумонбар дар латукӯби милисаҳо маълум нест. Аммо ба иттилои мақомот нисбати 9 нафар бо се модда аз ҷумла авбошӣ ва “истифодаи зўроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамчунин алайҳӣ 18 сокини дигари шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар байни сокинони боздоштшуда, мудири як мактаби миёнаи шаҳр ҳам будааст, ки ба гуфтаи мақомот «ба ҳамдеҳагонаш кӯмак кардааст». Яке аз дастгиршудагон дар баёноташ мегӯяд, ки рӯзи занозанӣ раиси маҳалла ва вакили деҳа низ дар ҷои ҳодиса буданд, вале касе милисаҳоро халос накард, балки занед гуфтаанд.

Боздошти гурӯҳии сокинони Истаравшан барои ҷанҷол бо милисаҳо дар ҳолест, ки шикояту норозигӣ аз рафтор ва суистифода аз мақом намудани бархе аз милисаҳо дар Тоҷикистон кам нест.

Қонқншиканӣ аз ҷониби худи милисаҳо, аз ҷумла латукӯб, таҳқир, ғорат ва боздошти ғайриқонунии сокинон зиёд расонаӣ мешаванд, вале ҳолатҳои кушондани парванда алайҳи кормнадони милиса ангуштшумор аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *