“Ҳамапурсӣ”-и Русия дар манотиқе аз шарқи Укроин, ки онҳоро дар моҳҳои ахир ишғол карда имрӯз ҷумъа 23 сентябр оғоз шуд.
Дар ин ҳамапурсӣ, ки Укроин ва муттаҳидони ғарбии ин кишвар онро маҳкум кардаанд, мардуми таҳти ишғол дар Донетск, Луганск, Херсон ва ҳамчунин Запороже дар хусуси илҳоқ ба хоки Русия пойи сандуқҳои раъй мераванд.
Ҳеҷ кишвар ё Созмони байналмилалӣ ин корзори сиёсиро ба расмият намешиносад. Мақомҳои мансуби Русия дар манотиқи ишғолии масъули баргузории “референдум” ҳастанд.
Владмир Путин, раисҷумҳури Русия пеш аз ин фарохони иҷбории ҷалби ҳудуди 300 ҳазор нерӯи захира барои пайвастан ба артиши ин кишварро эълом карда буд. Иқдоме, ки бо мухолифатҳои густурда дар саросари ин кишвар рӯ ба рӯ шуда буд. Русия чандин моҳ аст, ки эълом карда қасд дорад дар чандин минтақа аз хоки Укроин, ки ба ишғоли худ дароварда ҳамапурсӣ баргузор кунад.
Ин иқдоми Маскав бо мухолифатҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе 22 сентябр дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони милал бо интиқод аз ин иқдоми Русия, онро “сохтагӣ” хонд ва афзуд: “мо ин ҷо ҷамъ шудаем то аз назми байналмилалӣ ҳимоят кунем. Ҳеҷ кишваре наметавонд марзҳои дигареро бо зӯр тағйир диҳад. Мо ҳамчунон дар дифоъ аз ҳокимияти Укроин, ки бахше аз ҳифозат аз назми байналмилалӣ аст мутааҳҳид ҳастем.”
Баргузории “ҳамапурсӣ” дар воқеъ ёдовари иқдом мушобеҳе аст, ки Русия дар соли 2014 анҷом дод ва шибҳиҷазираи Кримро ҳам ба хоки худ изофа кард.
Ба гузориши хабаргузории руси ТАСС, дар манотиқи шарқии Донетск ва Луганск сокинон бояд тасмим бигиранд, ки аз пайвастан ба ҷумҳурии федерали Русия ҳимоят мекунанд ё на. Дар раъйгирие, ки дар манотиқи Херсон ва Запороже баргузор мешавад ин савол рӯйи баргаҳои раъй навишта шудааст: “оё тарафдори ҷудоӣ аз Укроин, ташкили кишвари мустақил тавассути ин минтақа ва пайвастани он ба федератсияи Русия ҳастед?”
Итар ТАСС гузориш дода, ки бо таваҷҷуҳ ба камбуди таҷҳизоти фаннӣ қарор аст раъйгирӣ ба сурати суннатӣ ва бо истифода аз баргаҳои коғаз сурат гирад ва хабаре аз раъйгирии электироникӣ нахоҳад буд.
Леонид Пасечник, раҳбари ҷумҳурии худхондаи мардуми Луганск, ба ТАСС гуфт, ки мардуми ин минтақа аз соли 2014 мунтазири баргузории ин ҳамапурсӣ будаанд ва онро “рӯёҳои муштарак ва ояндаи муштараки мо” хонд.
Аммо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, ҳамапурсиҳоро мазҳака донист ва муттаҳидони ғарбии ин кишварро ба далели маҳкумияти иқдомоти Русия мавриди ситоиш қарор дод. Зеленский дар суханронии худ дар рӯзи панҷшанбе гуфт: “ман аз ҳама касоне, ки дар ҷаҳон аз мо ҳимоят карданд ва ба вузӯҳ дурӯғи дигар Русияро маҳкум карданд сипосгузорм.”
Владмир Путин пештар таъкид карда буд, ки Маскав аз ҳама абзорҳо барои ҳифозат аз қаламрави худ истифода хоҳад кард. Ҳамчунин Дмитрий Медведов раисҷумҳури пешини ин кишвар ҳам таҳдид карда, ки Маскав барои дифоъ аз сарзаминҳое, ки ба Русия мулҳақ хоҳанд шуд аз ҳар силоҳе истифода хоҳад кард. Ў ҳамчунин пешбинӣ кард, ки пас аз баргузории ҳамапурсии ин манотиқ ба хоки Русия изофа хоҳанд шуд.