Пас аз даъвати чанд намояндаи мақомоти қонунгузор ва иҷроияи Русия мабнӣ бар ҷалби зодагони Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон (ки шаҳрванди Русияро доранд) ба ҷанг алайҳи Укроин, якбора мавҷи таъқиб ва саркӯби шадиди муҳоҷирон дар ақсонуқоти Русия шурӯъ шуд. Дар ҳоле, ки бояд комилан баръакс мешуд ва мақомот барои моил сохтани муҳоҷирон ба ширкат дар ҷанг, муносиботашон бо онҳоро нармтар мекарданд.
Рӯзи 19-уми май дар минтақаи Хабаровск, воқеъ дар шарқи Русия беш аз сад донишҷӯйи тоҷики Донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯйи нерӯҳои вижа шадидан шуданд. Дастаи ОМОН ҳамроҳи кормандони Хадамоти нерӯҳои федерол ба хобгоҳи ин донишгоҳ бидуни огоҳӣ юриш бурда, муҳоҷирони тоҷикро, ки беш аз сад нафар будаанд, зери мушту лагад ва чӯбдаст гирифтанд.
Шаби 21 ба 22 май дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав беш аз сесад зодаи Тоҷикистон боздошт ва тамоми шаб дар боздоштгоҳ нигоҳдориву таҳқир шуданд. Субҳ бо ихроҷи беш аз сӣ нафар, боқиро, ки аксар шаҳрвандони Русия буданд, озод карданд.
Ду рӯз пас ҳамлаи дигарбора ба ин шаҳрак, ки тоҷикони зиёде онҷо истиқомат доранд, аз сар гирифта шуд ва ин дафъа беш аз 100 нафар боздошт шуданд. Гуфта мешавад, ин дафъа гурӯҳи саднафараи тоҷикон аз сохтмоне марбут ба “Газпром” бурда шуда ва аксари кулли онҳо шаҳрвандони Русия будаанд. Дар идораи пулис онҳоро маҷбур ба нишасту хез намуда, ҳамчунин дашному таҳқирҳои зиёде кардаанд. Ба суоли ин шаҳрвандони Русия, ки бо чи гуноҳе боздошт шудаанд, маъмурони пулис посух додаанд, ки гуноҳашон тоҷик буданашон аст.
Қаблан, баъди як шикояти видеоии сокинони ин шаҳрак аз ҳузури зиёди муҳоҷирон дар он ва анбӯҳ дар вақти намоз, ва ҳуҷҷатҳоау компютерҳояшро мусодира карда буданд.
Хонандагони “Паём” аз бештари шаҳру минтақаҳои Русия хабар медиҳанд, ки бархӯрди мақомот бо муҳоҷирон, бахусус тоҷикон якбора тағйир хӯрда ва лаҳнашон тундтару озорандатар шудааст. Суоли матраҳ ин аст, ки оё мақомоти Русия мехоҳанд бо тарс додани муҳоҷирон онҳоро ба ширкат дар ҷанг маҷбур кунанд, ё инҷо мушкили дигаре вуҷуд дорад?
Дарди мақомоти Русия чист?
Албатта ин ки Русия мехоҳад дар идомаи ҷангаш бо Укроин бештар аз зодагони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз кор гирад, дигар ҷои шубҳае нест. Тамоми раванди тозаи даъват ба артиш ва лаҳни мақомот ҳикоят аз он мекунанд, ки қисми асосии сарбозони тозанафас дар артиши Русияро зодагони ОМ ва Қафқоз ташкил хоҳанд дод. Аммо решаи тағйири бархӯрди мақомот бо муҳоҷирон, ба назари мо ҷои дигаре нуҳуфтааст. Барои кашфи он шарт нест, ки кадом иттилоъоти пинҳониеро ба даст оварӣ — танҳо бо нигоҳ ба ҳаводиси монанд ба ин дар солҳои қабл метавон дарёфт, ки мақомоти Русия чӣ дард доранд.
Чанд соли охир фишори дастаҷамъонаи мақомоти Русия болои муҳоҷирон камтар мушоҳида мешавад. Фишорҳо ҳарчанд вуҷуд доштанд, фарогир ва ҳадафманд набуда, шумори боздоштшавандагон ҳам бамаротиб камтар буданд. Фишори густурда, ҳадафманд ва саросарӣ ба муҳоҷирон, ихроҷи дастаҷамъонаи онҳо асосан замоне иттифоқ меафтоданд, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон кадом саркашие нисбати “бародари бузург” анҷом диҳанд.
Барои мисол, чунин иттифоқ замоне афтода буд, ки Тоҷикистон соли 2010 ба хотири аз боздошт дар Русия раҳо сохтани писари Амонулло Ҳукумов, афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон, як ҳавопаймои Русияро бо ду халабонаш боздошт карда буд. Ин ҷуръати «ғулом» алайҳи «хоҷа» мақомоти Русияро ба ғазаб овард ва ҳазорон муҳоҷирро боздошту садҳо нафарро ихроҷ карданд.
Баъдтар ҳам, ҳар гоҳ ҳукумати дастнишондаи Раҳмон ҷуръате аз худ нишон медод, зарбаи асосиро муҳоҷирон мехӯрданд. Муҳоҷирон, ки тибқи омори расмӣ беш аз 30 дарсад ва тибқи гуфтаи коршиносон беш аз 60 дарсади ММД Тоҷикистонро шакл медиҳанд, фишанги аслии Русия дар фишор боло Тоҷикистонанд.
Бо дарназардошти таҷрибаи гузашта, метавон бо итмонон гуфт, ки ин дафъа ҳам ҷуръати “ғулом” «хоҷа»-ро ба ғазаб овардааст. Аммо кадом ҷуръат?
Масъала бармегардад ба нишасти сарони Осиёи Марказиву Чин, ки дар Пекин баргузор шуд ва натоиҷи баде ҳам надошт. Натоиҷи иқтисодии он албатта мавзӯъи баҳси дигар аст. Ва чун натоиҷи сиёсии он ба мавқеъи Русия зарба мезанаду бо эҳтимоли зиёд ғазаби Хирси шимолиро барнагехтааст, мо ҳам ба он мепардозем. Албатта яке аз натоиҷи иқтисодӣ — сохтмони роҳи оҳани Чин — Қирғизистон — Қазоқистон барои пайвастан ба Аврупо бо давр задани Русия наметавонад мақомоти ин кишварро нигарон накунад, аммо солҳост, ки Русия ба гигемонияи иқтисодии Чин бар Осиёи Миёна тан додааст.
Чин дар ин нишаст зимнан эълом кард, ки амният ба бехатарии кишварҳои Осиёи Марказиро ба дӯш мегирад — масъулияте, ки Русия онро то ин замон ба худаш нисбат медод.
Чин эълом карда омодаи кумак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои тақвияти зарфияти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар заминаи амниятӣ ва дифоъӣ аст.
Си Ҷинпин дар суханрониаш бар муборизаи якҷоя бо кишварҳои ОМ бо мудохила дар умури дохилӣ, талошҳо барои барангехтани «инқилобҳои ранга» ва ҳамчунин бархӯрди бемуросо бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ таъкид кард.
Раҳбари Чин «ҳимояти возеҳ ва қотеъ»-и кишвараш аз ҳамсоягони ғарбиашро дар заминаҳое монанди ҳокимият, истиқлол ва тамомияти арзӣ кафолат дод.
Чаро Хабаровск?
Қаблан фишор болои муҳоҷирон асосан дар ду шаҳри бузурги ин кишвар — Маскав ва Петербург иттифоқ меафтод ва гоҳе (дар сурати зарурати фишори бештар болои кишварҳои муҳоҷирфирист) ба шаҳрҳои бузурги дигаре мисли Екатеринбургу Самара “сироят” мекард. Аммо чаро ин дафъа якбора то Хабаровск — яке аз дуртарин нуқтаҳои шарқи Русия расид?
Дар сомонаи расмии ҳукумати Чин 2 феврали соли ҷорӣ фармони Вазорати манобеъи табиии ин кишвар таҳти унвони “Қоидаҳои тасвир дар харитаҳои боз” нашр шудааст, ки дар он ба манотиқи наздисарҳадии Русия ҳамроҳ бо номҳои русӣ номҳои чинӣ низ гузошта шудааст.
Барои мисол ҷазираи Сахалин “Куедао”, шаҳрҳои Благовешенск — “Хайланпао”, Владивосток — “Хайшэнвай”, Уссурийск — “Шуанчэнтсзи”, Хабаровск — “Боли” ва ғайра номида шудаанд. Гуфтанист, ҳамаи ин маноиқ дар асри XIX, замоне ки Чини онзамона таҳти раҳбарии сулолаи Тсин зери таъсири ихтилофҳои зиёди дохиливу хориҷӣ сахт заъиф шуда буд, аз тарафи империяи Русия тасарруф шуда буданд.
Гузашта аз ин, дар харитаи тавсияшуда барои нашр ва фурӯш аз ҷониби Вазорати манобеъи Чин бо ранги бунафш сарҳади “таърихӣ”-и Чин, ки қисмати бузурге аз Русияи имрӯзаро фаро мегирад ва бо ранги сурх сарҳади имрӯзаи ин кишвар тасвир шудааст.
Зоҳиран бо ҳамла ба донишҷӯёни тоҷик маҳз дар Хабаровск мақомоти Русия якбора бо як тир ду нишон заданиянд: ҳам мехоҳанд ҳукумати Раҳмонро аз ҳамкории амниятӣ бо Чин ҳушдор диҳанд ва ҳам ба Чин посух диҳанд, ки ин манотиқ қаламрави Русия аст ва ҳар кӯшишеро барои ғасби он посухи тунд мунтазир аст.
Чаро Котелники?
Тибқи маълумоте, ки “Паём” дастрас кард, дар ин шаҳрак яке аз сернуфустарин чамоъатҳои тоҷикон сукунат дорад. Бештари аҳолии чанд маҳаллаи ин шаҳрро тоҷикон ташкил медиҳанд ва дар кӯчаҳои он низ тоҷикон аз мардуми маҳаллӣ бештар ба чашм мехӯранд.
Бо саркӯби ин ҷамоъат мақомоти рус зоҳиран ду паём доданианд: яке ба ҳукумати Тоҷикистон ва дигаре ба муҳоҷирону мардуми маҳаллӣ.
Паёми онҳо ба мақомоти Тоҷикистон ин аст, ки дар сурати идомаи дуршавӣ аз зери нуфузи Русия, ин кишвар метавонад дар они воҳид ҳазорон зодаи Тоҷикистонро дар як минтақаи хурд боздошт, саркӯб ва истирдод кунад. Барои режими Раҳмон истирдоди шумори зиёди муҳоҷирон аз Русия як кобус ё хоби ваҳшатнок аст — муҳоҷирони истирдодшуда метавонанд қувваи асосии инқилобӣ дар дохили кишварро шакл диҳанд.
Аммо ба мардуми маҳаллӣ ва муҳоҷирон паём медиҳад, ки ҳарчанд бинобар бӯҳрони демографӣ ва камбуди қувваи корӣ ба муҳоҷирон шаҳрвнадӣ ва ҷои кор медиҳад, аммо иҷоза нахоҳад дод, ки дар ҳеҷ минтақаи тавозун байни муҳоҷирон сокинони маҳаллӣ ба нафъи муҳоҷирон бошад ва онҳо худро сокини комилҳуқуқи ин кишвар эҳсос кунанд.
Чаро маҳз тоҷикон?
Дар нишасти сарони Чину Осиёи Марказӣ танҳо раисҷумҳури Тоҷикистон ҳузур надошт ва танҳо Тоҷикистон нест, ки дар ОМ зери нуфузи Русия бошад. Аммо чаро фишор маҳз болои тоҷикон иттифоқ меафтад?
Узбекистону Қазоқистон солҳост, ки бо суръат вобастагиашон аз Русияро коҳиш медиҳанд ва ҳарчанд ҳанӯз ҷуръати рӯёрӯии мустақим бо режими Путинро надоранд, ин қудратро соҳибанд, ки дар муқобили фишорҳои Русия аз худ дифоъ кунанд. Танҳо Тоҷкистону Қирғизистонанд, ки ҳанӯз вобастагиашон бо Русия хатарзо аст ва ҳеҷ фишанге барои посух ба фишору таҳримҳои Русия надоранд.
Дар ҳамин ҳол, омори дар ин авохир нашршуда нишон мдеиҳад, ки аз замони шурӯъи ҳамлаи Русия ба Укроин содирот аз Қирғизистон ба ин кишвар 9 маротиба ва аз Тоҷикистон ҳамагӣ 1,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Таҳлилгарон, ба хусус коршиносони ғарбӣ афзоиши содирот аз ОМ ба Русияро асосан ба давр задани таҳримҳои Ғарб тавассути ин кишвар вобаста медонанд. Ва омор ҳам нишон медиҳад бузургтарин саҳм дар ин корро Қирғизистон дорад. Табиист, ки фишор болои муҳоҷирони қирғиз Русияро аз як канали давр задани таҳримҳо метавонад маҳрум созад.
Пас, танҳо тоҷики бечора мемонад, ки маҷбур аст барои ҷуръати қирғизу қазоқу узбак ҳам бо пӯсту устухонаш посух диҳад.