Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзи парлумон ба дифоъ аз Муродали Алимардон ва дигар бонкдорон бархост ва кормандони мақомоти интизомии кишварро ба фашистҳои замони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ташбеҳ кард.
Тибқи иттилои Азия Плюс, Исмонов гуфт ба баъзе аз кормандони мақомоти интизомӣ, ки дар дафтарҳои созмондодашуда барои ҳали мушкили соҳаи бонкдорӣ шомил шудаанд “овчаркаи немисӣ ва либоси СС намерасад”. СС як ниҳоди террори фашистӣ дар низоми Ҳитлер буд.
“Кормандони мақомоти интизомӣ бо кормандони бонкҳои ба мушкил гирифторшудаи Тоҷикитсон “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва бонкҳои барҳамдодашудаи “Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк», чун бо ҷинояткор муносибат мекунанд” — гуфт раҳбари ҲДТ.
Ӯ аз рафтори ин кормандон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт: “Ба онҳо менигарӣ ва фирк мекунӣ, ки барояшон овчаркаи немисӣ ва либоси СС намерасад”.
Ин вакили парлумони кишвар ба ин назар аст, ки интизомиҳо фаромӯш кардаанд кормандони соҳаи бонкдорӣ дар рушди Тоҷикистон саҳми бузурге доштанд.
“Онҳо фаҳмидан намехоҳанд, ки шоиста нест бо шахсиятҳое мисли Муродали Алимардон, ки аз поягузорони соҳаи бонкдорӣ дар кишвар аст, мисли ҷиночткор муносибат кунанд” — қайд кард Исмонов.
Раҳбари ҲДТ гуфт айёми оғози истиқлолияти Тоҷикистон Муродали Алимардон барои кишвару мардум хидматҳои зиёде кардааст ва яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдории Тоҷиикистон дар сохторҳои молиявии бонкдорӣ боқӣ мемонад.”
“Имрӯз ӯро дағалона аз ин дафтар ба он дафтар мекашанд, ба ӯ мносибати буд мекунанд ва ман мехоҳам, ки раисҷумҳур дар ин бора маълумот дошта бошад” — гуфт раҳабари ҲДТ.
Исмонов дар бораи 4 миллард сомонии ҷудошуда барои кӯмак ба соҳаи бонкдорӣ ҳам изҳори назар кард ва гуфт:
“Вазири онвақтаи молия Абдусалом Қурбониён аз ҳисоби ин маблағҳои ҷудошуда пеш аз ҳама мушкилоти вазорати молияро ҳал кард, қарзҳои қаблан ҷудошудаи вазоратро баргардонд ва бонкҳоро ҷарима карду амволашонро мусодира сохт”.
“Ба Бонки миллӣ лозим аст, ки аз сохторҳои бонкҳои номбаршуда, аз сандуқҳо, шӯъбаҳо, банкоматҳо, нақлиёт, биноҳо ва таҷрибаи кормандонаш истифода кунад” — қайд крад Исмонов.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҳам гуфт маълум нест имрӯз Бонки миллӣ барои ҳали мушкили бонкӣ чӣ кор мекунад.
“Мушкили чор бонки Тоҷикистонро мешавад бӯҳрони бонки дар ҷумҳурӣ номид ва бояд чораҳои фаврӣ андешида шавад, то мушкил бузургтар нашавад” — гуфт раиси парлумон.