Таъқиб ва асиргирии аъзои хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил, масъули дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Олмон бо суръат идома дорад. Баъди расонаӣ шудани асиргирии чанд рӯзи охир мақомот на танҳо аз ин ҷиноятҳо дастбардор шуданд, балки ба он суръати бештар бахшиданд.
Дирӯз баъди нашри акси ду корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки барои бурдани занону кӯдакон ба Кӯлоб омада буданд, гурӯҳи бузурге аз кормнадони амниятӣ ба хонаи Комиловҳо рафта онҳоро дашному таҳқир кардаанд ва тамоми телефонҳои мавҷуд дар хонаводаро кофтуков намудаанд.
Шоми гузашта мақомоти амниятии пойтахт бо борбардор (кран) ба хонаи яке аз ҷиянҳои Ҷаннатуллоҳ, ки дар ошёнаи дуюм қарор доштааст ҳамла бурдаанд. Панҷараи оҳании тирезаи хонаро шикаста, вориди он шудаанд ва ашёи зиёдеро аз хона берун кашидаанд. Куҷо бурдани амволи хонаи ҷияни Ҷаннатуллоҳ маълум нест.
Субҳи имрӯз кормандони яке аз шӯъбаҳои КДАМ дар Душанбе Шарипова Ҳуснигули 53 сола, ҳамсари бародари ӯ Фатҳуллоҳ Комиловро, ки соли гузашта баъди 25 соли зиндон озод шуда буд, асир гирифтаанд. Ҷаннатуллоҳ мегӯяд, янгааш дирӯз бо Радиои Озодӣ дар бораи боздоштҳои ахир сӯҳбат доштааст ва бо эҳтимоли зиёд сабаби боздошт ҳам ҳамин аст.
То ҳол мақомот сабаби ин асиргириҳову боздоштҳоро шарҳ намедиҳанд.
Дирӯз Ҷаннатуллоҳи Комил дар пахши мустақим дар бораи ин боздоштҳову асиргириҳо қисса кард. Баромади ӯро метавонед инҷо бубинед:
Қарор аст Ҷаннатуллоҳи Комил дар пахши дигаре аз идомаи боздошту асиргириҳо ҳарф занад.