Сардор Бердимуҳаммадов писари раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз тарафи падараш раиси вилояти Ахал (Ишқободи пешин) таъйин гардид. Сардор то ин замон вазифаи муовинии раиси ин вилоятро иҷро мекард.
Ҳарчанд писари раисҷумҳури Туркманистон аз Рустами Эмомалӣ бузургсолтар аст (ӯ 37 сол дорад) карйераи ӯро дертар такрор мекунад. Ҳамчунин вилояти Ахал дар мавқеъи пойтахт нест — шаҳри Ишқобод аз вилоят қаблан ҷудо шудааст. Аммо аз тарафи дигар Сардор Бердимуҳаммедов вакили парлумон аст ва имкони расидан ба мансаби дуввуми давлатиро бештар дорад. Ӯ моҳи марти соли гузашта бо касби 91,42 дарсади раъйи мардум аз ҳавзаи Душаки вилояти Ахал вакили порлумон интихоб гашта буд.
Фаъолиятҳои сиёсии писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз охири соли 2016 шуруъ шуд. Вай он замон дар интихоботи миёндавраии порлумонӣ ба порлумон роҳ ёфт. Аз он замон ба баъд Сардор Бердимуҳаммадов дар арсаи сиёсиву ҷамъиятӣ фаъол шуд.
Соли 2017 вай чанд сафари хориҷӣ анҷом дода, бо мақомҳои баландпояи кишварҳои хориҷ мулоқот кард. Сардор Бердимуҳаммадов ҳамзамон дар чанд чорабинии оммавӣ ҳамроҳи падараш ҳозир шуд.
Дар расонаҳои расмӣ писари президенти Туркманистонро «писари мардум» унвон мекунанд ва ҳозиршавиашро дар мазҳари ом ҳамроҳи падар «рамзи насли меросбар» медонанд.
Дар вилояте, ки ҳоло раҳбарии он бар зиммаи Сардор Бердимуҳаммадов вогузор шуд, беш аз 900 ҳазор нафар ё 14%-и аҳолии Туркманистон зиндагӣ мекунанд.