Сарҳанг Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташакили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар раёсати гурӯҳи сенафара ҳафтае қабл ба Киев сафар кардааст.
Ҳадафи аслии сафар бастани қарордоди расмӣ ва ғайрирасмӣ барои истирдоди фаъолони сиёсии тоҷики муқими Украина гуфта мешавад. Як манбаъ аз ВКД ба Паём гуфт, ки қарор буд Ҳафиззода мақомоти Укройинро ба бастани созишнома дар бораи боздошт ва истирдоди фаъолони тоҷик бо дархости мақомоти Тоҷикистон розӣ кунонад ва дар сурати даст наёфтан ба ин кор роҳҳои ғайрирасмии онро пайдо намояд.
Ҳафиззода яке аз нафарони калидии масъул ба бозгардонидани мухолифон аз хориҷ аст. Масъулияти раҳбарии ин гурӯҳро Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукоби ҷиноятии ВКД ба ӯҳда дорад. Чанд наворе аз гуфтугӯи ин ду нафар бо мухолифон қаблан расонаӣ шуда буд. Онҳо мекӯшанд мухолифонро водор ба бозгашти ихтиёрӣ кунанд, аммо дар сурати розӣ нашудан, роҳҳои дигар – истирдод ва ҳатто дуздии фаъолонро истифода мекунанд.
Шодӣ Ҳафиззода ба Киев тавассути Маскав рафтааст. Тибқи маълумоти бадастовардаи Паём ӯ ва ҳамроҳонаш дар Маскав дар меҳмонхонаи Ritz Carlton ҷой гирифтаанд. Қимати як ҷой дар ин меҳмонхона барои як шаб аз 200 доллар шурӯъ мешавад. Яъне моҳонаи як пулис дар Тоҷикистон.
Дар Киев ин гурӯҳ, тибқи як маълумоти тасдиқнашуда дар меҳмонхонаи Hilton ҷой гирифтаанд, ки қимати он ҳам барои як шаб бештар аз 150 доллар аст.
Бо мақоми Укройин Ҳафиззода ба чӣ натиҷае расидааст, ҳанӯз маълум нест.
Укройин азми пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро дорад ва мекӯшад дар робита ба ҳуқуқҳои инсон стандартҳои аврупоиро риоя кунад. Қаблан ба чанд дархости мақомоти тоҷик дар бораи истирдоди мухолифин посухи рад дода буд.
Шодӣ Ҳафиззодаи 38-сола домоди вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода мебошад ва аз 12 декабри соли 2017 сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.