Паёмбар (с) вақте ба чиҳил солагӣ наздик шуданд, дар дилашон майли гоҳ гоҳ танҳо нишастан пайдо шуд. Акнун бо тадбири Худованд сари ҳар чанд вақт ба ғори Ҳиро мерафтанд ва муддате он ҷо танҳо нишаста, ба ибодат машғул мешуданд. Гоҳо даҳ шаб, гоҳо аз ин бештар то як моҳ дар ғор истода, баъд ба хонаашон бармегаштанд. Вале боз баъди муддате андак барои танҳоии дигар тӯша омода мекарданд ва ба ғор мерафтанд. Ҳамин тавр вазъ идома ёфт ва ниҳоят дар яке аз чунин танҳонишастанҳо ваҳй омад.
Панду андарзҳо:
Ин танҳонишинӣ, ки майл бар он дар дили Он ҳазрат (с) андак пештар аз паёмбар шудан пайдо гардид, дар ҳаёти оммаи мусулмонон ва хусусан, барои даъватгарон хеле аҳамияти бузург дорад. Ин амал шаҳодат аз он медиҳад, ки шахси мусулмон бо вуҷуди бо фазоили гуногун ороста будан ва сарфи назар аз ибодатҳои мухталифро иҷро кардан ба танҳонишиву хилват эҳтиёҷ дорад, то бар камоли имону мусулмонӣ бирасад. Зеро ӯ дар ин танҳонишиву хилват барои ҳисобу китоби худаш фурсат меёбад, бо Худо танҳо монда, назорати Ӯро эҳсос мекунад, ба коиноти атроф нигариста, дар бораи намодҳои мавҷудот ба тафаккур меравад ва ба бузургиву азамати Худоро барои худ кашф мекунад.
Албатта, зарурати чунин як амал барои мусулмоне, ки барои худаш Исломи дурусту имони комил мехоҳад, ба таъкид ниёз надорад. Аммо барои касе ки худашро ҳамчун даъватгар ба сӯйи Худо ва роҳнишондиҳанда ба роҳи ҳақ мешуморад, чӣ?
Чаро ин амал ба ин ҳад зарур аст? Зеро нафси башарӣ офатҳое дорад, ки онро танҳо бо роҳи танҳо нишастан ва дур аз гирумонҳои дунё ҳисобу китоб намудан муолиҷа карда мешавад. Масалан, кибр, худбинӣ, ҳасад, риё, муҳаббати дунё, ин ҳама офатҳое мебошанд, корашон ба нафси инсон соҳиб шуда, дар замири ӯ ҷой гирифтан ва ботини ӯро вайрон кардан аст. Гарчанде, ки шахс зоҳиран бо амалҳои неку ибодатҳои зебо оро ёфта, бо корҳое хайр, мисли даъвати мардум ба сӯйи дини Худо ва иршоду андарз додан ба онҳо машғул мешавад. Ана ҳамин гоҳ гоҳ танҳо нишастан ягона роҳи илоҷи чунин офату дардҳо аст. Шахсе, ки ба чунин амроз гирифтор шудааст, сари ҳар чанд вақт хилват мешинад ва дар бораи ҳақиқати нафс, пайдоиши он, то чӣ андоза ҳар лаҳза ба инояту тавфиқи Худо ниёз доштанаш андеша менамояд. Баъд дар бораи ҳақиқати ҳоли дигарон фикр мекунад, ки то чӣ ҳад назди Худо заифу нотавонанд, ҳатто он мадҳу накӯҳишашон асари ҳақиқие надоранд. Боз дар бораи манзараҳои бузургии Худо, дар бораи охират, ҳисобу китоби тӯлонӣ, бепоён будани раҳмати Худо, бениҳоят сахт будани ҷазои Худо, андеша меронад. Вақте дар бораи чунин чизҳо зиёд фикр мекунад, он офатҳои ба нафс часпида як як меафтанду дил бо маърифату сафо зинда мешавад. Дигар, ифлосии дунё барои тира намудани оинаи дил роҳ ёфта наметавонад.
Гузашта аз ин, чизи дигаре низ ҳаст, ки дар ҳаёти шахси мусулмон ва хусусан, касе, ки бори даъватро ба гардан дорад, аз аҳамият холӣ нест. Дар натиҷаи амалиёти танҳонишиву хилват шахс метавонад муҳаббати Худоро дар дили хеш падид орад. Албатта, дар вуҷуди шахс падид омадани муҳаббати Худо ва инкишоф ёфтани он барои ҷоннисориву ҷиҳод дар роҳи рисолат сарчашмаи муҳим ба шумор рафта, баҳри комёб шудани ҳар навъи даъват асоси матин ҳисобида мешавад. Муҳаббату дӯстдории Худоро наметавон танҳо ба василаи имони ақлӣ ба даст овард. Чунки имони ақлӣ ҳеҷ гоҳ натавонистааст, ки ба эҳсосу отифаи шахс ва қалби ӯ таъсир гузорад. Вагарна, исломшиносони аҷнабӣ дар раддаи аввалини мӯъминон ҷой гирифта, дар масъалаи дӯст доштани Худо ва Паёмбар диле ба дили онҳо баробар шуда наметавонист. Оё боре шудааст, ки ягон олим ба хотири қоидаи риёзие, ё масъалае аз масъалаҳои илмӣ ҷонашро фидо карда бошад?!
Бешак, барои шахси мӯъмин роҳи ягонаи дар дил бедор кардани муҳаббати Худо ин аст, ки дар бораи неъмат ва некиҳои Ӯ бисёр андеша намуда, то чи ҳад бузург будани азамату қудрати Ӯро пеши назар орад ва ба таври мудом бо дилу забон Ӯро ёд кунад.
Албатта, тавре дар боло зикр гардид, ҳамаи ин бо роҳи танҳонишиниву хилват ва сари ҳар чанд вақт, дур шудан аз гирудори дунё ва ташвиши рӯзгор ҳосил мегардад.
Вақте шахси мусулмон ба ин кор даст мезанад ва ба василаи он имонашро сайқал медиҳад, дар қалби ӯ муҳаббати Худо пайдо мешавад ва торафт афзоиш меёбад ва ниҳоят дар пеши он ҳама бузургиҳо ҳақир шуда, ҳама фиребандаҳо беасар мегарданд, ҳама гуна ранҷу азоб ба роҳат мубаддал ҳеҷ шуда, ҳама хориву зиллат дар ин роҳ ба иззату каромат мубаддал мегардад. Ин ҳамон лавозимест, ки ҳар каси даъватгар ба сӯйи Худо бояд онро дошта бошад. Ин ҳамон асбобест, ки Худованд бо он паёмбарашро муҷаҳҳаз намуда буд, то барояшон таҳаммули бори даъвати исломӣ осон гардад.
Ин аз он сабаб аст, ки ангезаҳои дарунӣ, мисли муҳаббату бадбинӣ, тарсу умед ва ғайра, ки мақаррашон қалби инсон аст, кореро мекунанд, ки ақл ба танҳоӣ аз тавони он оҷиз мебошад. Имом Шотибӣ (раҳ.) дар садади сухани хеш дар бораи ин гуна ангезаҳо мусулмононро ба ду навъ ҷудо мекунанд: мусулмонони авом, ки худро танҳо ба хотири он мукаллафу вазифадор мешуморанд, ки мусулмонанд ва мусулмонони хосса, ки ба доираи таклифу масъулият натанҳо аз дари имон балки чизе фаротар ва қавитар аз ақл кардану фаҳмидан аст, ворид шудаанд. Имом Шотибӣ мегӯянд: “Тоифаи аввал монанди касест, ки танҳо бар асоси аҳди мусулмонӣ ва паймони имон амал мекунад. Тоифаи дуюм бошад, мисли касест, ки ӯро ба амал кардан ангезаҳои мисли тарс, умед ва ё муҳаббат водор мекунад. Тарс мисли калтакест, ки ба пеш меронад, умед мисли раҳбарест ба пеш мехонад ва муҳаббат бошад ҷараёнеро мемонад, ки ба пеш меандозад. Шахсе, ки метарсад, сарфи назар аз сахтиҳо амал мекунад. Зеро тарс аз он чӣ сангинтар аст, соҳибашро ба таҳаммули он чӣ нисбатан сабук, гарчанде машаққатбор аст, водор мекунад. Аммо шахсе, ки умед дорад, ӯ низ бо вуҷуди машаққат амал менамояд. Вале умеди расидан ба роҳати тамом ӯро ба таҳаммули коре, ки хастагии тамом дорад, маҷбур месозад. Вале шахсе, ки дӯст медорад, муҳаббат дорад, бо тамоми ҳастияш амал мекунад, то ба дидори маҳбубаш расад. Шавқи дидор барояш душвориро осон ва дурро наздик мекунад. Ӯ дар роҳи расидан чизеро дареғ намедорад, вале боз гумон мекунад, ки ба аҳди муҳаббат вафо нокардаву шукри неъмат адо нанамудааст”.
Ба иттифоқи олимон шахси мусулмонро зарур аст, ки бо истифода аз василаҳои гунонун ин ангезаҳои даруниро, ки мақаррашон қалбаст, дар ниҳоди хеш бедор намуда, онро барои адо кардани масъулиятҳои бандагӣ ба кор барад. Ин ҳамон чизест, ки назди ҷумҳури олимону муҳаққиқон бо номи тасаввуф маъруф асту бархе аз олимон онро “эҳсон” меноманд ва бархеи дигар мисли Имом Ибни Таймия (раҳ.) онро бо номи “илми сулук” ёд кардаанд.
Хулоса, он танҳонишинӣ ва хилвате, ки Паёмбар (с) андак пештар аз паёмбар шуданашон аз он кор мегирифтанд, яке аз василаҳои падид овардани ҳамон ангезаҳои дарунӣ мебошад.
Вале набояд танҳонишинӣ ва хилватро, чи тавре, ки бархе бар асоси фаҳмиши ғалати худ нодуруст фаҳмидаанд, ба маънои пурра аз мардум ҷудо шуда ба кӯҳу дашт баромада рафтан фаҳмид ва ин корро бар сари худ як фазилати дигар ҳисобид. Чунки ин кор мутлақо ба роҳу равиши Паёмбар (с) ва ёронашон мухолиф мебошад. Балки он танҳонишинӣ ва хилвате, ки мо дар садади баёни фазилати он ҳастем, амри мустаҳаб буда, чуноне ки гуфта шуд, аз он ба хотири ислоҳи ҳоли нафс кор гирифта мешавад. Аз ин рӯ, он мисли дармонест ва бояд дармон ба ҳадди зарурӣ ва дар вақти лозим будан гирифта шавад, вагарна ба беморие дигар мубаддал мегардад, ки аз он эҳтиёт мебояд буд. Бардошта аз ин, агар дар таърихи солеҳон касеро дидед, ки мудом дар хилват будаасту дур аз мардум рӯзгор доштааст, бешак, ин марбут ба ҳолати шахсии ӯ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ ва ба ҳеҷ кас ҳуҷҷат шуда наметавонад.
Ғоре дар баландии 634 м. дар кӯҳи Нур, ки дар масофаи 4 км дуртар аз Масҷидулҳаром воқеъ шудааст ва сурохии он дар як вақт танҳо чор ё панҷ касро ғунҷонида метавонад.
Имом Шотибӣ, “ал-Мувофақот”, 2141. Барои иттилои бештар оид ба масъалаи мазкур ба китоби “Завобиту-л-маслаҳати фи-ш-шариати-л-исломия”, ки ба муаллиф таллуқ дорад, муроҷиат шавад.
Ибни Таймия, “Фатово”, ҷ. 10.