Рубрики Хабарҳо

Ҳашт соат дар як рӯз, панҷ рӯз дар як ҳафта. Ин реҷаи кориро кӣ муқаррар кардааст?

Системаи кори панҷрӯзаи хафта ва ҳаштсоатаи рӯз, ки барои бисёр мамлакатхо маъмул аст, дар асри 20 марҳила бар марҳила тадриҷан ташаккул ёфтааст. 

Дар бораи таърихи ин муқаррарот донистан хоҳед, идомаи матни мазкурро бодиққат назар кунед. Системаро роҳбари як ширкати бузурги истеҳсоли мошини амрикоӣ, ё худ магнати автомобил Ҳенри Форд ихтироъ кардааст, фақат худаш шояд дар гӯшаи хаёл ҳам наоварда буд, ки ин усули муддати кор ҷаҳонӣ мегардад. 

Ҳенри Форд санаи 5-уми январи соли 1914 дар корхонааш рӯзи кориро аз 9 соат ба 8 соат кам карда, музди корро аз се доллар дар як смена ба панҷ доллар расонид.

Рақибони соҳа ва умуман корфармоён ба самаранокии ин тағирот шубҳа доштанд, аммо ин равиш бо мурури замон фоидаи худро дод. Бехтарин механикҳои таҷрибадор аз  тамоми мамлакат ба корхонаи Ford Motor Company ба мақсади кор омаданд. Натиҷа чунин буд, ки Ҳенри Форд тавонист танҳо дар давоми ду сол фоидаи худро ду баробар зиёд кунад.

Гарчанде ки ин ғоя аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле самаранок буд, аммо шояд дарки иқтисодиро на ҳама роҳбарони давр доштанд, ки рӯзи кории ҳаштсоата дар саросари Амрико танҳо пас аз 23 сол — пас аз як қатор корпартоиҳо дар соли 1937 бо қабули Санади меъёрҳои одилонаи меҳнат ҷорӣ карда шуд.

Аммо Ҳенри Форд аввалин шахсе дар таърих нест, ки дар вақти корӣ навоварӣ ворид кардааст. Дар соли 1593 шоҳ Филипп II дар фармони худ Орденанзас де Фелипе II бори аввал рӯзи кори ҳаштсоатаро ҷорӣ намуда, тақсимоти сарбории корро аз рӯи вақт муқаррар намуд, яъне кори вақтбайъ. Масалан, ба коргарон иҷозат буд, ки 4 соат пагохии барвақт ва 4 соат бегоҳй  кор кунанд, то ки дар гармои шадиди офтоб набароянд.

Қадами дуюм дар тартиби муқаррарӣ дар соли 1810 аз ҷониби саноатчӣ Роберт Оуэн гирифта шудааст. Дар аввал вай дар заводи худ дар Нью-Ланарк рузи кори 10-соата мукаррар кард, чун қаблан 14—16 соат буд. Баъд аз хафт сол онро то 8 соат кам кард. Оуэн хатто як шиори махсуси вақти кор эҷод кард: «Хашт соат кор, хашт соат хурсандй, хашт соат истирохат».

Бо вучуди дигаргунихои мусбат ва ёрии фаъолонаи коргарону иттиходияхо, хафтаи кори панчрӯза ба зудӣ ба ҳукми одат надаромадааст. Гузариши оммавӣ ба ин тартиб дар ибтидои асри 20 оғоз ёфт.

Соли 1912 кишвари Хиндустон дар минтақаи  Осиё аввалин шуда доири системаи ҳашт соат дар як рӯз ва панҷ рӯз дар як ҳафта конун кабул кард. Дар соли 1917 дар СССР ғояи реҷаи кори 40-соатаи сусиёлистӣ қонунӣ шуд. Дар аксарияти мамлакатхои Аврупо сменаи мукаррарии кор дар соли 1919 баъди як катор корпартоии иттифокхои касаба, ки иктисодиётро фалач кард, мукаррар карда шуд.

Дар соли 1919 дар Япония дар натичаи корпартоии васеи коргарон Кавасаки аввалин шуда ба хафтаи кори 40 соата гузашт. Система пас аз 28 соли қабули Қонун дар бораи стандартҳои меҳнат эътибор пайдо мекунад. Яке аз охирин қабулкардагони системаи панҷрӯзаи ҳафта ва ҳаштсоатаи рӯз дар соли 1947 Австралия буд.

Вазъият дар ҳоли ҳозир чи гуна аст?

Тибқи Кодекси меҳнати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давомнокии рӯзи корӣ дар ҳафтаи панҷрӯза набояд аз ҳашт соат ва барои хӯроки нисфирӯзӣ аз як соати иловагӣ зиёд бошад. Дар бораи дигар кишварҳо низ кам-кам маълумот гирд овардаем. 

Тибқи маълумоти Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, рекордсменҳои меҳнат дар Колумбия 47,6 соат дар як ҳафта,  Туркия  46,4 соат, Мексика  соат 49,9  ва Коста-Рика 43,6 соат кор мекунанд. Пас, маълум мешавад, ки ҳанӯз ҳам дар тамоми дунё рӯзи корӣ ҳаштсоата нест. 

Аммо дар дунё як қатор кишварҳои аҳолиашон “эркатар” ҳам ҳастанд, ки соати кориашон нисбатан камтару маошашон баръакс бештар муқаррар шудааст. Масалан, аҳолии Нидерландия дар як ҳафта 29,4 соат, Дания ва Норвегия 32,5 соат кор мекунанд.

Ҳарчанд кишварҳои шарқӣ ба рейтинги OECD шомил нашудаанд, нишондодҳои онҳо метавонанд ба осонӣ аз Колумбия ва Туркия пеш гузаранд. Масалан, дар Хитой бисьёр ширкатхо аз руи графики 9-9-6 амал мекунанд. Маънои ин ҷадвал чунин аст, ки  коргарон бояд хафтае шаш руз аз соати шаши пагохй то 9 шомгохй кор кунанд. Гарчанде ки чунин тартиб аз ҷониби қонун манъ карда шудааст, бисёр корхонаҳои калон онро ошкоро дастгирӣ мекунанд, ки намуна корхонаи Alibaba Group мебошад.

Дар Ҷопон бошад, бисёр одамон ба далели зиёд будани вақти корӣ даст ба худкушӣ ҳам мезананд. Ҳатто истилоҳи «Каросӣ» барои тавсифи ин вазъият ба вуҷуд омадааст. Бино ба гузориши Би-би-сӣ дар соли 2016, ҳамасола беш аз 2000 нафар бар асари хастагӣ  дар ҷои кор мефавтанд.

Меҳнат роҳат буданаш дуруст аст, аммо ҳама чиз меъёр дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *