Рубрики Хабарҳо

558 нафар зиндонии дигар аз маҳбаси “якум советский” ҳам озод шуданд

Субҳи имрӯз 558 маҳбус тибқи қонун “Дар бораи афв” аз муассисаи ислоҳотии 3/13 воқеъ дар шаҳри Душанбе ба озодӣ баромаданд. Барои пешвози онҳо наздиконашон аз субҳ ҷамъ омада буданд.

Барои бештари ҷамъомадаҳо ин рӯз рӯзи хурснадиву хушбахтӣ буд, аммо онҳое ҳам буданд, ки аз назди дари зиндон ноумед баргаштанд.

То кушода шудани дарҳои зиндон мардуми зиёд аз ниҳояти эҳсосот гоҳе ашк мерехтанд ва гоҳе садо баланд мекарданд. Чад нафар кӯшиши убур аз монеъаҳо ҳам краданд, аммо нигаҳбонони зиндон монеъи ин кор шуданд.

Байни ҷамъомадагон даҳҳо зану мард ҳам дида мешуданд, ки баъди аз маҳбас хориҷ шудани зиндониён байни онҳо наздикони худро пайдо накраданд ва бо оҳу фиғон ба хонаҳояшон баргаштанд. 

Дар ҳамин ҳол Ҷунайдулло Худоёров ҳам, ки дар ин маҳбас ба сар мебурд, ба озодӣ баромад.

Гуфтанист субҳи дирӯз аз аз муассисаи ислоҳотии 3/13 воқеъ дар ноҳияи Ёвон якбора озод шуданд. 

Тиқби иттилоъи як манбаъ аз Сарраёсати муассисаҳои иҷрои ҷазои Вазорати адлия, шумори дақиқи озодшудагон аз зиндони Ёвон 794 нафар будааст. Ҳамаи онҳо то ин дақиқаҳо ба хонааҳояшон расидаанд ва ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон қарор доранд. 

Дар муассисаи ислоҳотии 3/13 ҳудуди 1100 нафар қарор доштанд ва ҳоло ҳамагӣ ҳудуди 300 нафар, ки ба қонуни афв ворид нашудаанд, боқӣ монданд. Яъне ҳудуди 73 дарсади маҳбусони ин зиндон озод шуда, онқо ҳамагӣ 27 дарсад боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи манбаъи Паём, озодсозии якбораи ин миқдори бузурги маҳбусон дар як рӯзро кормандони собиқадори ин ниҳод ҳам ёд надоранд. 

Яке аз маҳбусони озодшуда, ки баъди 2,5 соли зиндон чанд соат пеш ба хонааш баргаштааст, ба Паём гуфт, суръати иҷрои қонун дар зиндони Ёвон барои маҳбусон ғайримунтазир буд. “Ҳама фикр мекарданд, ки озодсозӣ зина ба зина давоми ду моҳ анҷом мешавад. Вале дирӯз ба мо хабар доданд, ки пагоҳ ба озодӣ мебароем. Мо албатта то замоне, ки амр карданд чизҳоямонро ҷамъ кунем ва саф ороста ба назди дарвоза бурданду онро боз краданд, бовар накардем” – гуфт ин маҳбуси аллакай собиқ. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *