Рубрики Хабарҳо

Таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои Афғонистон мамнӯъ шуд

Тибқи иттилоъи масъулини муассисаҳои таҳсилоти олии хусусӣ дар Афғонистон, Вазорати таҳсилоти олии Толибон рӯз сешанбе, 20 декабр бо ирсоли мактуби расмӣ омӯзиш духтаронро “то амр сонӣ” мутаваққиф кардааст. 

Дар мактубе, ки нусхаи онро расонаҳои Афғонистон нашр кардаанд, омадааст, ки ин тасмим дар ҷаласаи кобина Толибон гирифта шудааст. 

Аз чанд ҳафта ба ин сӯ ин гуфтумон дар Афғонистон вуҷуд дошт, ки раҳбари Толибон тасмими таътили омӯзиши духтаронро гирифтааст. 

Ҳофиз Зиёуллоҳ Ҳошимӣ, сухангӯи Вазорати таҳсилоти олии Толибон бо нашри эъломияи ин вазорат, таваққуфи омӯзиши духтаронро то иттилоъи сонӣ таъйид кардааст. 

Афғонистон интернейшнл бо истинод ба масъул яке аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки бештари донишҷуёнаш духтар аст, навиштааст намояндаи Вазорати таҳсилоти олӣ субҳи рӯзи сешанбе ба онҳо занг зада гуфтааст, ки “мунтазири фармон бошед ва аз иҷрои он ба мо иттилоъ диҳед”. 

Толибон дар як соли гузашта аввал духтарони болотар аз синфи шашро аз рафтан ба мактаб маҳрум карданд. Ба думболи он ба муассисаҳои таҳсилоти олии хусусӣ дастур доданд то донишҷуёни духтар ва писарро аз дар синфҳои алоҳида дарс бидиҳанд. 

Вазорати таҳсилоти олии Толибон дар донишгоҳи Кобул низ соатҳои дарси духтарон ва писарони донишҷӯро ҷудо кард. 

Иқдомоти Толибон алайҳи омӯзиши занон ва духтарон бо интиқодҳои сахти ҷомеъаи байналмилалӣ мувоҷиҳ шуда ва таҳти фишори ҷиддӣ қарор гирифтааст, аммо ин гурӯҳ дар беш аз якуним соли гузашта таслим ин фишорҳо ва интиқодҳо нашудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *