Categories Хабарҳо

Тарҳи муштараки 15 кишвари аврупоӣ барои эҷоди як сипари дифоъи ҳавоӣ

15 кишвари аврупоии узви НАТО дар вокуниш ба ҳамлаҳои ҳавои Русия ба Укроин қасд доранд системи дифоъи ҳавоии худро тақвият кунанд. Олмон ҳамоҳанги иҷрои тарҳеро барои ин манзур бар ӯҳда дорад, ки тафоҳумномаи он имзо шудааст. 

Таҷовузи низомии Русия ба Укроин ва ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии ахир беш аз пеш зарурати доштан як системи дифоъи ҳавоии коромадро барои Олмон ва шумори дигаре аз кишварҳои аврупоӣ ошкор кард, менависад Дойче Велла. 

Тарҳи мавсум ба “Сипари осмони Аврупо” бо мушорикати 15 кишвари аврупоии узви паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) қарор аст нуқоти заъфи сомонаи дифоъи ҳавоии шуморе аз кишварҳои аврупоиро шиносоӣ ва тақвият кунад. 

Кристина Ламбрешт, вазири дифоъи давлати федерали Олмон ва ҳамтоёни ӯ аз 14 кишвари аврупоӣ рӯзи панҷшанбе 13 октябр дар ҳошияи иҷлоси НАТО дар Брюссел тафоҳумномае барои эҷоди як сомонаи дифоъи ҳавоии муштарак имзо карданд. 

Ба гузориши хабаргузории Олмон, дар ҳоли ҳозир чаари ҳифозатии НАТО барои Аврупо шикофҳо ва нуқоти осебпазире дорад, ки бояд бо кумаки як сипари дифоъии муштарак бартараф шаванд. 

Костиҳои муқобила бо мушакҳои баллистик ва паҳпод 

Гуфта мешавад костиҳои кунунӣ аз ҷумла барои муқобила бо мушакҳои баллистик бо парвози баланд, мушакҳои болдор ва паҳподҳои таҳоҷумӣ бастагӣ доранд. 

Бар пояи арзёбиҳои НАТО ҳамлаи Русия ба Укроин вазъияти амнияти Аврупоро ба тавре бунёдин тағйир дода ва ба ҳамин далел талоши бештар барои тақвияти тавони дифоъи ҳавоиро зарурӣ кардааст. 

Бинобар ин гузориш то кунун сомонаҳои дифоъи зиддимушакии Аврупо ба таври умда барои муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷҳиз ва омода будаанд. 

Дар тарҳи “Сипари осмони Аврупо” хариди сомонаҳои дифоъи ҳавоии ҷадиде мадди назар аст, ки қодир бошанд бо сарфи ҳазинаи мутаносибе бахши бузурге аз осмони кишварҳои аврупоиро муҳофизат кунанд. 

Вазири дифоъи Олмон мегӯяд бо ин пружа кишварҳои аврупоӣ ба иттифоқ қодир хоҳанд буд масъулияти муштараки худ барои ҳифзи амнияти қораи Аврупоро бар ӯҳда бигиранд. 

Сиёсатмадори ҳизби сотсиал-демократ таъкид кард дар ин пружа масъала бар сари дастёбӣ ба мушорикат дар заминаҳои сиёсӣ, молӣ ва фановарӣ аст. 

Дар маросими имзои тафоҳумномаи тарҳи “Сипари осмони Аврупо” намояндагони Бритониё, Нидерланд, Белгия, Словакия, Венгрия, Булғория, Чехия, Латвия, Руминия, Финляндия, Норвегия, Литва, Аслуун ва Олмон ширкат доштанд. Ба гуфтаи дипломатҳои Эстония ҳам ба ин ҷамъ мепайвандад. 

Идеяи садри аъзами Олмон 

Идеяи тақвияти сипари дифоъи ҳавоии кишварҳои аврупоиро Олаф Шолтс садри аъзами Олмон авохири моҳи август матраҳ кард ва ҳосили онро “даст ёфтан ба амният барои тамоми Аврупо” хонд. 

Шолтс дар бораи аҳамияти ин тарҳ гуфта буд сипари дифоъи ҳавоии муштараки аврупоӣ босарфатар ва тавонмандтар аз он хоҳад буд, ки ҳар кишваре барои худ бо ҳазинаи зиёд як сомонаи дифоъӣ бисёр печида барпо кунад. 

Артиши Олмон дар ҳоли ҳозир барои муқобила бо таҳоҷуми ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар фосилаи наздик аз мушакандози шонапартоби “Стингер” истифода мекунад, ки дар ихтиёри Укроин низ қарор гирифтааст. 

Барои муқобила бо парандаҳои муҳоҷим дар фосилаи мутавассити Олмон 12 сомонаи зидди ҳавоии “Патриот” дар ихтиёр дорад, ки ба бовари коршиносон барои дифоъ аз сартосари ин кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ кофӣ нест. 

Дар миёни системҳое, ки метавонанд камбудҳои дифоъи зиддиҳавоии Олмонро ҷуброн кунанд сомонаи падофанди зидди ҳавоии “Гунбади оҳанин 3”-и Исроил аз гузинаҳои матраҳ ба шумор меравад. 

Ин сомона қодир аст мушакҳои баллистикро, ки баландии парвози онҳо ба даҳ ҳазор метр ҳам мерасад, роҳгирӣ ва мунҳадим кунад. Эҳтимоли хариди теъдоди бештари сомонаи зиддиҳавоии “Патриот”  ва сомонаи IRIS-T тавассути артиши Олмон ҳам матраҳ аст. 

Дар тарҳи “Сипари осмони Аврупо” қарор аст Олмон ва 14 кишвари аврупоии узви НАТО ба таври муштарак сомонаҳои дифоъии мавриди ниёзро харидорӣ ва мустақар кунанд. Ин тарҳ ба кишварҳои аврупоӣ имкон медиҳад бо сарфи ҳазинаи камтар системи дифоъи зиддиҳавоии худро коромадтар кунанд. 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *