Рубрики Хабарҳо

Оё Сафарзода метавонад ширкатҳои Асадуллозодаро назорат кунад?

Баъди ҳисоботи мудири кулли Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи обии барқии “Роғун” Хайрулло Сафарзода ба раисҷумҳури Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ дар маҷлиси васеи Ҳукумат  Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ “чанд супориши қатъӣ додааст”. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур иттилоъ медиҳад.

Раисҷумҳур аз Сафарзода иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ, истифодаи мақсадноки буҷа дар сохтмони “Роғун” ва сари мӯҳлат ба истифода додани НОБ-ро талаб кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари корҳои сохтмонии Роғунро ширкатҳои мутааллиқ ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳанд. Дар гумон аст, ки Сафарзода тавонад ба сифати кори Асадуллозода ҳатто эътироз намояд.  

Ҳамчунин тамоми масорифи буҷа барои сохтмони Роғун аз тарафи хонаводаи Раҳмон назорат ва тақсимандӣ мешавад. Қаблан ин вазифаро аз номи хонаводаи раисҷумҳур Дилшод Исматуллозода анҷом медод, ки бахши молиявии НОБ Роғунро назорат мекард. Сипас ӯ ба муовинати Озода Раҳмон таъин гашт ва баъди ду сол раҳбари Тоҷик Эйр шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва “Ширкати алюминийи Тоҷик” аз феҳристи объектҳое, ки хусусӣ гардонда намешаванд, хориҷ карда шуданд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта тағйироти мазкур ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”-ро, ки Ҳукумати кишвар пешниҳод кард, қабул намуд.

Бар асоси тағйирот, ки лоиҳаи онро раисиҷумҳури Тоҷикистон 30 декабри соли гузашта имзо карду Маҷлиси намояндагон ҳафтаи пеш пазируфт, аз моддаи 9-и қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, калимаҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” хориҷ карда шуданд.

Моддаи 9-и қонуни мазкур дар бораи объектҳоест, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст, “амволи нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, нерўгоҳи барқи обии “Роғун” ва корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” хусусӣ гардонида намешаванд”.

Бо қабули тағйироти ахир, “Роғун” ва “Ширкати алюминийи тоҷик” аз ин феҳрист хориҷ гардиданд.

Таҳлилгарон мегӯянд имкони бузурги ба Чин додани ТАлКо ва аз тарафи оилаи раисҷумҳур хусусӣ карда шудани НОБ Роғун ва ё ҳатто қисман ба Чин додани он низ вуҷуд дорад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *