Рубрики Хабарҳо

Туркия: Агар F-35 ба мо надиҳанд ниёзи худро аз ҷойи дигаре таъмин хоҳем кард

Вазири дифоъи миллии Туркия эълом кард агар ба баҳонаи хариди С-400 аз пружаи  F-35 канор гузошта шавем, Анқара ҳаққи табиӣ худ медонад, ки ниёзи худро аз ҷойи дигаре таъмин кунад. 

Хулусӣ Окор, вазири дифоъи миллии Туркия тайи суханоне дар саҳни Маҷлиси миллати кабири Туркия дар Анқара гуфт: Агар ба баҳонаи хариди АС-400, ба ноҳақ ва бар хилофи усули иттиҳоди стратегӣ аз пружаи  F-35 канор гузошта шавем, ҳаққи табии худ медонем, ки ниёзмонро аз ҷойи дигаре таъмин кунем. 

Зоҳиран вазири дифоъи Туркия зери ибораи “ҷойи дигар” Русия ва ҷангандаҳои СУ-57-и ин кишварро дар назар дорад. Ин ягона рақиби  F-35 дар ҷаҳон мебошад, ки тибқи эътирофи коршиносон дар баъзе нишондиҳандаҳо ҳатто беҳтар аз F-35 аст.

Худи Туркия дар намоишгоҳи аватсионӣ-кайҳонии Paris Air Show — 2019 дар Ле Буржеи Фаронса ҳавопаймои ҷангии навсохти худро ба намоиш гузошт, ки гуфта мешавад бо бисёре аз хусусиятҳо ба F-35 монанд аст.

Қарор аст ин тайёраи туркӣ аз соли 2025 дар артиши ин кишвар шурӯъ ба парвоз кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *