Мақомоти Русия гуфтанд гуруснанишинии тоҷикон дар зиндони Мордовия воқеъият надорад. Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар Ҷумҳурии Мордовия маълумоти расонаҳоро дар бораи гуруснанишинии маҳбусони тоҷик дар муасисаи 7-ум , изҳор кардааст, ки он асоси воқеӣ надорад.
Раёсат иттилоъ додааст, ки рӯзи 5-уми ноябр 16 нафар маҳбус, ки дар ҳуҷраи ҷаримавӣ нигоҳ дошта мешуданд, аз истеъмоли субҳона даст кашидаанд.
“Амали онҳо намоишкоронаву таҳдидӣ буда, аз сабаби норозигӣ ба иҷрои талаботи қонунии маъмурияти муассиса сурат пазируфтааст”, – омадааст дар торнамои Раёсат.
“Ҳамаи ин маҳбусон барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин (ғоратгарию роҳзанӣ, барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, тамаъҷӯӣ) адои ҷазо карда, реҷаи муқарраршудаи маҳбасро риоя намекунанд”, – изҳор доштааст манбаъ.
Қайд шудааст, рӯзи 6-уми ноябр маҳбусон ба гуруснанишинӣ хотима додда, ба истеъмоли ғизо шурӯъ кардаанд. Дар бораи шаҳрванди кадом кишварҳо будани онҳо маълумот дода намешавад.
Қаблан бо истинод ба пайвандони маҳкумшудагон хабар дод, ки ҳудуди 70 маҳбуси тоҷики маҳбаси низомаш шадиди рақами 7-ум дар ҷумҳурии Мордовияи Русия аз 1 ноябр бо талаби беҳтар кардани шароити маҳбас ва қатъи азобу шиканҷаашон гуруснанишинӣ эълон кардаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Ахбор”, баъди ба роҳбарии ин маҳбас таъйин шудани нафаре бо номи Сергушкин аҳволи маҳбусон хеле бад шуда, онҳоро багуноҳу бегуноҳ пайваста ба ҳуҷраи ҷаримавӣ (ШИЗО) меандозанд.
Тавре менависад, маҳбусонеро, ки бе ин ҳам дар шароити хеле душвор адои ҷазо мекунанд, бо ҳар баҳонае ба ҳуҷраи ҷаримавӣ равона мекардаанд. Нозирон онҳоро таҳқир мекардаанд. Ҳолате будааст, ки касе ҳамаи ҷойнамозҳои онҳоро ҷамъ карда, ба ҳоҷатхона партофта буд ва ин ба эътирозҳо оварда расонд.
Моҳи июни соли 2019 низ дар муассисаи ислоҳии №7 эътирози маҳкумшудагон доир гардида, наздики 60 нафар ба худ осеби ҷисмонӣ расонида, гуруснанишинӣ эълон карданд.
“Метавонанд ба дастонат завлона зада, ба он бо дастчӯб зарбаҳо зананд. Метавонанд дастонатро аз пушт завлона зада, якчанд нафар лату кӯб кунанд. Асосан ба гурдаҳо ва пошнаҳои пой зарба мезананд”, – ҳикоят карда буд ба нашрияи яке аз маҳкумшудагон.