Рубрики Хабарҳо

Даргузашти ҷавони 32-сола дар Регар аз коруно (акс)

Як ҷавони 32-сола, ки якуним сол қабл аз зиндон озод шуда буд, аз COVID-19 даргузашт. Ҷасади ӯро ба хонаводааш надоданд ва бо ҷанозаи биср мухтасар табибон дафнаш карданд.

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, Ҳайдар Акрамови 32 сола бо иттиҳоми “салафӣ” се соли зиндонро паси сар карда рӯзи 18 ноябри соли 2018 аз зиндон озод шуда буд. 

Субҳи имрӯз ӯ дар беморхонаи ноҳияи Турсунзода даргузашт ва нисфирӯзӣ намози ҷанозааш бо ширкати чанд нафар наздиконаш баргузор гардид. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *