Рубрики Хабарҳо

Иҷлосияи 16-ум: тақдирсоз ё табаддулот? (қисмати аввал)

Чаро рӯзи 16 ум рӯзи Президент эълон шуд?

Раҳмон чигуна ба қудрат расид?

Иҷлосия дар муҳосираи кӣ буд?

 

15 — уми апрели соли 2016, парламенти Тоҷикистон, пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»- ро мавриди баррасӣ қарор дода, рӯзи 16- уми ноябрро “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон намуд. Ҳарчанд қаблан аз ин рӯз бо унвонҳои “рӯзи тақдирсоз”, “рӯзи сарновиштсози миллат”, “наҷотбахш” ва ғайраву ҳоказо ёд мешуд, аммо имсол дуюмин соле аст, ки қарор аст аз ин рӯз ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил гардад.

Чаро рӯзи 16 — уми ноябр? Аслан ин рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ рабте дорад? Ва чаро бояд “Ид” бошад?

 Барои насли миёна равшан аст, ки солҳо пеш дар ин рӯз чӣ ҳодисае рух дода буд. Аммо барои насли нав ва ҷавон бо вуҷуди матлабҳои зиёде, ки дар ин маврид вуҷуд дорад, баъзе паҳлӯҳои масъала то ҳанӯз ногуфта ва норавшан боқӣ мондааст.

16- уми ноябр чӣ рӯзест?

 25 сол қабл яъне аз 16 – уми ноябри соли 1992, то 2 – юми декабри ҳамон сол, дар Қасри Арбоби шаҳри Хӯҷанд, иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гадид, ки Раҳмон Набиев президенти онвақтаи Тоҷикистон, ба истеъфо фиристода шуда, рӯзи 19- уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон (директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара), раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон шуд. Дар як ҷумла яъне “Эмомалӣ Раҳмон, ба қудрат расид”.

Чаро “ИД”?

  Дар дунё садҳо раиси ҷумҳур ба сари қудрат омада ва аз қудрат канор рафтаанд, вале Эмомалӣ Раҳмон шояд танҳо раиси ҷумҳуре аст, ки рӯзи ба қудрат расидани худро ҳамчун “Рӯзи ид” эълон карда аст. Баъзе аз онҳо рӯзи ба курсии қудрат нишастани худро дар доираи хонаводаи худ ҷашн мегиранд, вале ба нудрат метавон ёфт, ки дар рӯзи ба мансаб даст ёфтани як нафар, даҳҳо миллион будҷети давлат сарф шуда, нишастҳову конфронсҳои бешумор баргузор шавад. Ва “Иди миллӣ” эълон шавад. Ба ҳар ҳол дар ҷомеаи фақир, мазлум ва кишваре бо пасттарин даромади саронаи миллӣ ва поинтарин маош дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ, чунин иттифоқе рух додааст, ки не барқ доранду на ҷои кор, не зиндагӣ дар сатҳи кишварҳои ҳамсояву на ҳаққи озод гуфтану озод шунидан ва не ҳаққи озод зиндагӣ кардан, вале рӯзи ба қудрат расидани як нафарро бояд ҳамчун “Ид” ҷашн бигиранд.

  Агар шахсе машруъияти худро дар асоси Сарқонун ба даст оварда бошад, оё эҳтиёҷе ба ин ҳама воҳимаву каруфар ҳаст? Ё зери коса нимкосаест, ки мардум намедонанд?

Раҳмон чигуна ба қудрат расид?

  Чунонеки дар боло ишора шуд, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16- уми ноябри соли 1992 зимни иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон ба қудрат расид. Иҷлосияи мазкур дар ҳоле доир гардид, ки дар дигар гӯшаҳои кишвар аз ҷумла ҷануб ва атрофи пойтахт шаҳри Душанбе, байни нерӯҳои мардумӣ (аз ҷумла тарафдорони Ҳизби демократ, созмони “Лаъли Бадахшон”, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, созмони “Растохез”) ва Фронти халқӣ (ҷонибдорони Ҳизби Комунисти Тоҷикистон), даргириҳо ба шиддат идома дошт. Ҳазорҳо нафар кушта шуда, даҳҳо ҳазор марзи кишвари Афғонистонро убур карда ва ҳазорон нафари дигар дар ҳолати убури марз буданд. Ин ҳодисаҳо дар замоне сурат мегирифт, ки баъди майдоннишиниҳои зиёд, дар асоси имзои протоколе, ки байни нерӯҳои мардумӣ ва президент Раҳмон Набиев ба даст омада буд, иддае аз намояндагони нерӯҳои мардумӣ шомили ҳукумат гардида, ҳукумати эътилофӣ мавсум ба Ҳукумати Муросои Миллӣ(ҲММ) ташкил шуда буд. Қабл аз иҷлосияи 16-уми ноябр, ҲММ бино ба сабабҳои мухталиф аз ҷумла ҳимоят нашудан аз тарафи кишварҳои зидахл дар қазияи Тоҷикистон, рӯзи 12 – уми ноябр ба истеъфо рафт. Ва ҳамин тариқ Э.Раҳмон, 19- уми ноябр дар иҷлосияи мазкур раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон шуда, амалан ҳукумати кишварро ба даст гирифт.

Иҷлосияи 16 — ум ва нақши дасти севум

  Баъд аз гузашти 25 сол аз таърихи иҷлосияи 16 – уми ноябр, ки табдил ба “Рӯзи Президенти ҶТ” шудааст, бино ба сабабҳои мухталиф, суханҳои ногуфта дар бораи он зиёд аст. Бинобар ин, баъзе воқеъиятҳои пушти пардаи ин иҷлосия пинҳон мондаанд. Ҳарчанд бо назардошти хотирот ва ёддоштҳову нақлҳои аксари ширкаткунандагони он, паҳлӯҳои асосии ҳодисаҳои рухдода дар ҳошияи иҷлосия, ки раванд ва тасмимҳои гиритфашударо бевосита таҳти таъсир қарор дод, ба хулосаҳои ҷиддие метавон расид. Дар инҷо ба чанде аз ин ҳошияҳо мурур мекунем:

 

Раҳмон, намояндаи Фронти халқӣ дар нишасти Бишкек

  Рӯзи 9-уми ноябри соли 1992, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ оид ба пайдо кардани роҳи ҳалли қазияи Тоҷикистон, доир гардид, ки ҷониби Фронти халқиро Эмомалӣ Раҳмон намояндагӣ мекард. Нуралӣ Давлат- таърихнигори тоҷик, дар сӯҳбат бо сомонаи Озодӣ бар ин назар аст, ки “Даъвати раиси вилояти Кӯлоб(Эмомалӣ Раҳмон) ба Бишкек, ман фикр мекунам, ки як сигнал буд ба ин маънӣ, ки Русия ва Ӯзбекистон, ба ҳар сурат, аз Фронти Халқӣ ҷонибдорӣ мекунанд.”().

  Бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала қабл аз иҷлосияи 16 –ум ва дар ҳоле, ки Ҷиёнхон Ризоев(раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб дар соли 1992), тавассути Сангак Сафаров(фармондеҳи Фронти халқӣ), ба қатл расида ва бо ризояти С.Сафаров, Эмомалӣ Раҳмон дар курсии Ҷ.Ризоев нишаста буд, аллакай чеҳраи интихобшудаи иҷлосияи 16- ум, аз пеш маълум буд.

 

Ахмедов ва дидор бо вакилон

  Ҳабибулло Табаров, раиси баргузоркунандаи Иҷлосияи 16- уми ноябр ва вазири кишоварзии ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои 1992 то 94 дар мусоҳибае бо Абдуқаюми Қаюмзод, журналисти тоҷик, иқрор шудааст, ки вакилони ҷонибдори Фронти халқӣ, дар роҳ ба сӯи Хуҷанд, аввал дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон, бо вазири мудофеаи онвақтаи ин кишвар Ахмедов Рустам дидор кардаанд, чунин гуфтааст: ”Тарафи бегоҳ буд, ки гуфтанд ҳавопаймои вазири дифои Узбакистон омадааст ва шуморо ӯ ба Хуҷанд хоҳад бурд. Мо рафтем ва савори ҳавопаймо шудем. Ин вақт вазир омад. Ахмедов ном дошт. Вазир омад бо мо саломуалейк кард ва аз номи Ислом Абдуғаниевич барои мо хеле суханҳои нек гуфт.” ().

 Қабл аз иҷлосияи муҳими “сарнавиштсоз” барои як кишвар, дидори беш аз 60 вакили парлумони кишвари “соҳибистиқлол”, чӣ маъние метавонад дошта бошад?

Сангак: “Нафаре аз шумо зинда нахоҳад монд.”

Ба гуфтаи Ҳ.Табаров, Сангак Сафаров, раҳбари Фронти халқӣ(1991-1993), ҳам бо Вазири мудофеаи Ӯзбекистон вохӯрд ва вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистонро таҳдид кард, ки агар “масъала”- ро ҳал накунанд, ҳамаашонро хоҳад кушт: ”Сангак ба гап сар кард ва хеле дар бораи ҷангҳо сӯҳбат намуд. Вай дар фароварди суханаш таъкид ва таҳдид кард, ки агар дар ҳамин сафар масъаларо дар Ленинобод(Суғд) ҳал нокарда баргардед, бидонед, ки нафаре аз шумо зинда нахоҳад монд. Ба тарафи ман гашту гуфт, ки “акаи Ҳабибулло гапи мара фаҳмидӣ?” Ман гуфтам, ки фаҳмидам, масъаларо ҳал мекунем. Гуфтам чунин вазифадор шуда бошем, чаро ҳал накунем. Бо ҳамин Сангак рафт ва моро бо ҳавопаймо бурданд ба Хуҷанд.”().

 

Қасри Арббоб дар иҳотаи нерӯҳои низомӣ

  Марҳум Тоҳири Абдуҷаббор, вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон ва раиси созмони “Растохез”, ки яке аз вакилони фаъоли нерӯҳои мардумӣ ва аз шоҳидони иҷлосия буд, чунин мегӯяд: “Ҷаласа дар ҳамон Қасри Арбоб мегузашт ва атрофи онро се ҳалқа гирифта буданд ва ҳамаашон аз нирӯҳои Тоҷикистон набуданд. Аз Русия буданду аз Узбакистон. Ва аз ибтидо мавзӯъи дигаргун сохтани ҳукумат матраҳ буд.” ().

 Яъне дар воқеъ иҷлосия дар муҳосираи нерӯҳое буд, ки мусиқиро менавохтанд.

Тасмимҳоро кӣ мегирифт?

 Тоҳири Абдуҷаббор дар идома меафзояд: “Дар табақаи дуввум як толори кӯчактар буд ва як кумиссиюни созиш дуруст шуда буд, ки бештар дар онҷо ҷаласа мекард ва тасмимҳои худро баъдан меоварданд ва барои ҳамагон эълон мекарданд. Номзадии Раҳмонов низ аввал дар кумиссиюн пешбарӣ шуда буд ва баъдан дар толор ҳам ҳамин чиз садо дод.” ().

 Аз як тараф дастур ва таҳдиди С.Сафаров ба вакилон ва аз сӯи дигар гирифтани тасмимҳои иҷлосия дар як толори кӯчактар берун аз толори иҷлосия, ки маълум нест дар онҷо “кӣ” буд? ба чунин маънӣ аст, ки гардонандаи иҷлосия ва тасмимгиранда каси дигар ва дар воқеъ дасти саввум буд, на вакилони Шӯрои Олӣ.

давом дорад

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *