Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ донишманди бузург ва риёзидон, ситорашинос ва таърихнигори асри чорум ва панҷуми ҳиҷрии ҷаҳони ислом, яке аз бузургтарин файласуфони машриқзамин аст. Абӯрайҳон санаи 6-уми сентябри соли 973 (баробар ба 14-уми шаҳривари соли 352-и хуршедӣ) дар Коси Хоразм зода шудааст. Он замон зодгоҳаш як деҳаи кӯчаке буд, ки ҳоло бо шарафи ин олими шӯҳратёр, Берунӣ номгузорӣ гардида. Чун ба маркази Хоразм аз як деҳаи дурдаст омада буд, аз берун омад гуфта, Берунӣ лақаб доданд ва бо ҳамин лақаб машҳур ҳам шуд. Баъзеҳо дар он назаранд, ки ӯ ғайр аз муддати кӯтоҳе аз умраш, бақияи умри худро дар хориҷ аз Хоразм гузаронд ва лақабаш ҳам аз ҳамин ҷост. Таҳсилоти аввалаш дар Хоразм гирифта шуда, баъдан ба дарбори Шамсулмаъолӣ Қобус ибни Вашмир рафт ва мавриди таваҷҷӯҳи ӯ қарор гирифт ва китоби “ал-осорул-боқия”-ро бо номи Шамсулмаъолӣ таълиф кард. Забони модарии Берунӣ хоразмӣ буд, онро дӯст медошт ва дар «Китоб-ус-сайдана» навиштааст, ки агар пурсанд, ки ба кадом забон афзалият бидиҳам, ман ҳатман забони хоразмиро интихоб мекунам. Забони дуюми Берунӣ форсӣ буд, вале бештари асарҳои илмии худро ба забони арабӣ — забони илмии роиҷ дар ҳамон замон менавишт. Дар бораи забони арабӣ чунин гуфта буд:” Ин забон забони илм аст ва беҳтар аст маро бо ин забон танбеҳу дашном диҳанд, аз он ки бо дигар забонҳо ситоиш кунанд. Ин забони беҳад мавзун аст”. Берунӣ забонҳои туркӣ, хоразмӣ, арабӣ, суғдӣ, сурёнӣ ва юнониро аз худ намуда, ба қисме аз инҳо асарҳои илмӣ навиштааст. Вақто ба Хоразм баргашт, ба дарбори Хоразмшоҳиён Оли Маъмун пайваст ва боз ҳам мавриди эҳтироми хосае буд. Ҳангоме ки Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба Гургонҷ даст ёфт, Абӯрайҳонро ба Ғазнин бурд. Абӯрайҳон ҳамроҳи Султон Маҳмуд дар Ҳиндустон ҳам буд ва оину забонашонро омӯхт ва бо донишмандони ҳиндӣ хеле муошират дошт. Он ҷо забони сонскритро низ азбар намуд. Баъд аз Султон Маҳмуд, дар дарбори Султон Масъуд боқӣ монд ва китобҳое бо номи ӯ таълиф кард. Берунӣ дар синни 80 солагӣ соли 1048-и мелодӣ аз олам гузашт.
Тамоми умри Берунӣ дар илмомӯзӣ сипарӣ шуда, дар 17-солагиаш аллакай бо устурлоб ҷирмҳои осмониро мушоҳида мекарду ба кайҳоншиносӣ рағбати беандоза дошт. Дар синни 21-22 солагӣ мустақилона бо илми ҳайъат (ситорашиносӣ) машғул буд. Ӯ ҳанӯз дар замони худ тариқи устурлоб муайян карда буд, ки санаи 11-уми январ вақти шом (ҳангоми мушоҳида аз қитъаи Осиё) самти ғуруби офтоб айнан ҷониби санги Каъба аст.
Берунӣ ягон лаҳзаи умри пурқиматашро бо гирудори корҳои сиёсату вазорат сарф накардааст. Дар як сол ҳамагӣ ду рӯз таътил дошт. Ҳамзамони Абӯалӣ ибни Сино буд ва дар сол каме бузургтар аз Сино. Онҳо бо ҳам вохӯрда дар мавзӯъҳои илм, ақида ва фалсафа, хеле баҳсҳои тӯлонӣ мекарданд . Дар ин бора худи Абӯрайҳон дар китоби “Ал-осорул-боқия” зикр намудааст.
Берунӣ, ки сахт мӯътакиду пойбанди дину ақидаи исломӣ буд, дар навиштаҳояш чун як мӯъмини воқеъӣ, аз муқаддасии ислом ёд мекунад ва бо таносуб аз ояҳои каримаи Қуръон меоварад. Ӯ махсусан шуъубигарӣ (миллатгароӣ, қавмгароӣ, насизм) буду дар навиштаҳояш сахт аз ин ҳолат изҳори танаффур менамояд.,
Осори Абӯрайҳон Берунӣ
Феҳрести китобҳои худро то 65-солагиаш, 113 нусха шумурдааст. Баъди вафоташ шумораи китобҳояшро 146 адад гузориш додаанд. Яъне, то 80-солагӣ 10 китоби дигар навиштааст Аз мероси ӯ ба мо дар маҷмӯъ бештар аз 143 асар ба ёдгор мондааст, ки ба улуми риёзӣ (математика), ситорашиносӣ (нуҷум), ҷуғрофия, натурфилософия, минералогия, фармакология, таърих, мардумшиносӣ, хронология, филология ва ғайра бахшида шудаанд. Бештар таълифоташ бо забони илми он замона, яъне арабӣ буданд, ба ғайр аз тарҷумаи форсии китоби “Ат-тафҳим”, ки худи олим ба форсӣ баргардон карда буд. Пажӯҳишгарон Беруниро донишманди ҳамаи асрҳо мехонанд. Дар бисёр кишварҳо номашро ба донишгоҳу донишкадаҳо, китобхонаҳо гузошта, бо лақаби “Устоди ҷовид” ёд мекунанд . Ӯро метавон яке аз муаррихон ва асосгузорони илми антропология дар сарзамини Шарқ арзёбӣ намуд. Ӯ аввалин бор усули муқоисавию таърихии фарҳангҳоро ба роҳ монда буд. Ин усул дар бештари асарҳои машҳури ӯ «Осор-ул-боқия», «Мо-ли-л-Ҳинд» ва «Китоб-ул-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир» ба мушоҳида мерасад. Берунӣ ҳанӯз дар замони худ гардиши хуршед, гардиши меҳварии замин, гардиши замин ба даври хуршед ва ҷиҳоти шимолу ҷанубро дақиқан ҳисоб карда буд. Аввалин глобусро низ ӯ барои муайян кардани арзу тӯли қишрҳои замин сохта буд.
Абӯрайҳон китоберо бо номи “Доиратулмаориф” навишта ба Султон Маҳмуд эҳдо намуд, ва бар ивазаш шоҳ се шутур тангаи нуқра пешкаш кард. Аммо нависанда тӯҳфаро напазируфта буд. Ӯ гуфт, ин китобро ба хотири хидмат ба илм ва густариши он навиштааст, на барои пул.
Донишманди фақеҳи ҳамон аср Абулҳасан Алӣ ибни Исо дар лаҳзаҳои охирини ҳаёти Берунӣ ӯро аёдат карда буд ва дар борааш чунин ёд мекунад: “Он гоҳ, ки дар синааш нафасҳои охирин боқӣ монда буд, (яъне маргаш фаро расида буд) ба болинаш ҳозир шудам.”
Абӯрайҳон аз ман пурсид: Ҳисоби “Ҷадоди фосида” (Масъалаи фиқҳӣ дар мавриди ирсу мерос) чӣ гуна аст?
Гуфтам: Акнун чӣ ҷойи ин суол аст?
Гуфт: Эй мард, кадоме аз ин ду ҳолат беҳтар аст? Ҳамин масъаларо дониста бимирам, ё надониста ҷоҳил даргузарам?
Он масъаларо бозгуфтам ва фаҳмид. Баъд аз назди бемор баромада рафтам. Ҳанӯз на он қадар аз манзили Берунӣ дур шуда будам, ки садои шевани мардум аз хонаи ӯ бархост. Аз ин гуфтор бармеояд, ки то охирин нафас дар ҷустуҷӯву азбар кардани илм буд.
Ҳамин тариқ, ба андешаи муҳаққиқон ва мутафаккирон, Берунӣ бузургтарин олим ва файласуфи табиатшиносии амалӣ дар асрҳои миёна ба шумор меравад. Ӯ ба тарзи тафаккуре, ки баъдан дар давраи нави Аврупо ба таври васеъ интишор ёфта, дар инкишофи улуми табиатшиносӣ ва технологияи саноатии Аврупо саҳми ҳалкунанда гузошта буд, таъсири боризе расондааст.
Рубрики
Хабарҳо