Моликони марказҳои савдои шаҳри Урал рӯзи 2 декабр дар назди Департаменти назорати сифати бехатарии маҳсулот ва хидматрасониҳои вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ҷамъ шуда, аз идома ёфтани маҳдудияти фаъолияти фурӯшгоҳҳо нигаронӣ карданд.
Ҷамъшудаҳо — ҳудуди 30 соҳибкор аз мақомоти вилояти Қазоқистони Ғарбӣ талаб карданд, ки ба фаъолияти марказҳои савдо дар рӯзҳои истироҳат ва ҷашнҳо иҷозат дода шавад.
«Бисёри одамоне, ки солҳои тӯлонӣ бо тиҷорат машғул буданд, ҳоло маҷбур шуданд, тиҷорати худро қатъ кунанд. Барои пардохти қарз, ҳаққи иҷора ва зиндагӣ пул намондааст. Эҳтимол аст, ки мо низ рӯзҳои наздик дарҳои худро бандем. Мо мехоҳем, кор кунем. Чаро дар дигар шаҳрҳо ба тоҷирон имкони савдо медиҳанд ва маҳз сардухтури беҳдоштии мо чунин қарор қабул мекунад, ки хилофи ҳуқуқи конститутсионии мост»,-изҳор дошт яке аз норозиён бо номи Аслан Утепов.
Ҷамъомадагон мулоқот бо сардухтури беҳдоштии вилоятро, ки фаъолияти фурӯшгоҳҳоро манъ кардааст, талаб карданд. Вале ба ҷои ӯ ба назди эътирозгарон сардухтури беҳдоштии Урал Мадениет Танауов баромад. Ӯ гуфт, вазъи тоҷиронро мефаҳмад, вале дар ҳоли ҳозир бекор кардани маҳдудиятҳои ҷорӣ номумкин аст.
Ба гуфтаи Танауов, дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Қазоқистони Ғарбӣ рӯзона ҳудуди 30-40 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор мешавад ва шумори умумии ҳолатҳо ба 8 106 расидааст.