Categories Хабарҳо

Парвандаи Шоҳида Мамадҷонова ба додгоҳ рафт

Парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов ба додгоҳ ирсол шудааст. Тафтишот ӯро дар ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” гунаҳкор донистааст. 

Қарор аст парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ шавад. Эҳтимол меравад нахустин мурофиъа рӯзи 7-уми апрел баргузор гардад. Мақомот на дар ин бора ва на дар бораи ҷузъиёти айбнома маълумот намедиҳанд.

Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъаш менависад Шоҳида Маҳмадҷонова дар ҷараёни тафтишот айбномаро пазируфта, эътироф кардааст, ки бо созмони мамнуи “Гуруҳи 24” ҳамкорӣ доштааст.

Далели чунин ҳамкорӣ гӯё аз телефони дастии ӯ дарёфт шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки ин телефон, ба гуфтаи наздиконаш, чанд моҳ дар дасти корманди умури дохилӣ буд. Маҳмадҷонова 3-юми феврал барои гирифтани телефони худ даъват ва он ҷо ба ҳабс гирифта шуд.

Ин ҳам маълум нест, ки эътирофи Маҳмадҷонова таҳти чӣ шароите сурат гирифтааст. Пештар писари ӯ блогер Шерзод эълом дошта буд, ки мақомот озодии модарашро дар ивази боздошти ӯ ваъда кардаанд. Мақомот ин изҳоротро шарҳ надодаанд.

Парванда ба Шоҳида Маҳмадҷонова аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Писари ӯ Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Абдураҳмон 09 фаъол аст, аз Олмон барнома пахш карда, мақомотро дар заминаи сатру ҳиҷоб танқид мекард. Вай гуфтааст бо гузашти ду моҳ аз боздошти модараш, то ҳол пайвандон ӯро надидаанд. Ин ҳам рӯшан нест, то куҷо Шоҳида Маҳмадҷонова аз хидмати ҳуқуқшиносон бархӯрдор буд. Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон боздошти ӯро роҳи фишор ба дигарандешон номиданд. Мақомот чунин арзёбиро ҳамеша рад кардаанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *