Рубрики Хабарҳо

Имрӯз вазирони хориҷаи кишварҳои ОМ дар Душанбе канори ҳам меоянд

Имрӯз, 13 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа матни лоиҳаҳои Изҳороти муштарак аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Изҳороти душанбегии сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ва номгӯи ҳуҷҷатҳои хотимавии саммитҳои дарпешистода мувофиқа шуда, барои баррасӣ ба сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод мешаванд.

Гуфтанист,  14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) баргузор мегарданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *