Раисҷумҳури Бразилия артишро барои оташхомӯшкунӣ ба манотиқи Амазонка фиристодааст. Аммо оташсӯзӣ рӯ ба густариш аст ва аз 1663 мавриди ҷадиди ҷангалсӯзӣ дар тӯли ду рӯз сухан меравад. Ин рақам аз оғози соли ҷории мелодӣ ба ин сӯ 76 ҳазор маврид будааст.
Яке аз сангинтарин оташсӯзиҳо дар ҷангалҳои Амазонка бедодӣ мекунад ва забонаҳои оташ масоҳати ҳар чӣ бештаре аз ҷангалҳоро ба коми худ мекашад.
Бино ба гузориши институти бразилии пажӯҳишҳои фазоӣ, фақат тайи ду рӯзи панҷшанбе ва ҷумъаи гузашта 22 ва 23 август 1663 мавриди оташсӯзии нав дар ҷангали боронии Амазонка сар боз кардааст. Ин додаҳо марбут ба рӯзи шанбе, 24 август аст.
Ин ниҳоди пажӯҳишӣ дар оғози ҳафтаи гузашта омор ва тасовири моҳвораии ҳушдоромезе аз ҷангалсӯзиҳо дар минтақаи Амазонка мунташир кард. Бар асос ин додаҳо, аз оғози соли ҷории мелодӣ бад-ин сӯ беш аз 76 ҳазор мавриди ҷангалсӯзӣ рух додааст, ки нисбат ба соли гузашта 84 дарсади афзоишро нишон медиҳад.
Ағлаби ин маворид дар заминҳои хусусӣ рух додааст, аммо манотиқи табиии ҳифозатшуда ва низ заминҳое, ки дар моликияти афроди бумии Амазонка аст низ дар амон набудаанд ва ҳар бор дучори сӯхтор шудаанд.
Ба гузориши институти бразилии пажӯҳишҳои фазоӣ, мизони ҷаҳонии решакан шудани дарахтони ҷангалҳои боронӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ 60 дарсад бештар аз замони мушобеҳ дар соли гузашта будааст. Бахши аъзами ин нобудии табиат дар Бразилия рух додааст.
Жаир Болсонару, раисҷумҳури Бразилия додаҳои ин институти таҳқиқотиро дурӯғ хонд, ва дар пайи интишори ин иттилоот, раиси ин ниҳоди пажӯҳиширо аз кор барканор кард. Болсонару ба нақши инсон дар тағйироти иқлимӣ бовар надорад ва аз дӯстдорони густариши саноеъи кишоварзӣ аст.
Болсонару пас аз интиқодҳои шадиди маҳофили байналмилалӣ ба рӯйкардҳои ӯ ва адами ҳимоят аз ҳифозати ҷангалҳои Амазонка, билохира эълом кард, ки артишро ба муқобила бо сӯхтор эъзом хоҳад кард.
Ҳоло амалиёти низомии 44 ҳазор сарбоз дар Иёлоти Равандуния оғоз шудааст. То кунун чаҳор иёлат аз артиш тақозои кӯмак кардаанд.
Эъломи пуштибонии ҳафт кишвари санъатӣ
Иҷлоси сарони ҳафт кишвари санъатӣ эълом кард аз мубориза бо сӯхтор дар минтақаи Амазонка пуштибонӣ хоҳанд кард. Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар ин робита дар ҳошияи нишасти сарон гуфт, ки кумаки Гурӯҳи 7 бояд “ҳарчи сареътар” ба минтақа бирасад.
Кишвари ҳамҷавори Бразилия, Колумбия низ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозои кӯмак кардааст. Макрон гуфт, ки бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ тамос хоҳад гирифт. Ў афзуд, ки масъала бар сари “кумакҳои молӣ ва фаннӣ” аст.
Раисҷумҳури Фаронса бар хости пешини худ таъкид варзид ва гуфт, ки бояд дар ҳавзаи дарахткорӣ ва густариши ҷангалҳо низ талош варзид ва ёрӣ расонд.
Жоир Болсонару, раисҷумҳури ростгаройи Бразилия ҳар чӣ бештар таҳти фишори байналмилалӣ қарор мегирад, зеро ӯ аз оғоз ҷанглсӯзиҳоро беаҳамият талаққӣ карда буд. Болсонару рӯзи ҷумъаи гузашта, 23 август гуфта буд: “Ҳамаи ҷойи дунё ҷангалсӯзӣ вуҷуд дорад; Ва ин наметавонд баҳонае барои таҳримҳои байналмилалӣ бошад.” Пас аз фишорҳои байналмилалӣ буд, ки Болсонару ногузир шуд то артишро ба майдон бифиристад.