Рубрики Хабарҳо

Боз як узви ҲХДТ бо ришва дастгир шуд

Як узви фаоли Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон, раиси ҷамоати Пошкенти шаҳри Истаравшан, Абдувосид Ваҳобов бо иттиҳоми ришвахорӣ ва қаллобӣ дастгир шудааст. Дар ин бора Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дода навишт, ки Ваҳобов ҳамчун шахси мансабдор санаи 21 феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ёқубов барои аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод кардани писараш бо роҳи фиреб маблағи 2500 доллари ИМА талаб намуда, онро дар се ҳолат гирифта тасарруф намудааст. 

Бо ин амалаш раиси ҷамоат ба шаҳрванд Ёқубов зарари бузурги моддӣ расондааст. Тибқи иттилои манбаъ нисбат ба узви фаоли ҳизби халқӣ демкоратии Тоҷикистон, Ваҳобов Абдувосид бар асоси моддаи 247-уми Кодекси ҷиноии  ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Ваҳобов Абдувосид Абдувоҳидович дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшани вилояти Суғд кор карда истода, ҳамчун шахси мансабдор санаи 21 феврали соли 2020 даст ба ришвахорӣ задааст. Бино бар иттилоияи Агентӣ, оиди ин ҳолат нисбати Ваҳобов бо моддаи 247 қисми 3 банди «а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *