Корхонаи нуриҳои «Азот», ки қаблан ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ ва соҳибкори тоҷик Зайд Саид таъаллуқ дошт бори саввум аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шудааст. “Азот” яке аз корхонаҳои бузурги ҷануби кишвар буд, ки 11 сол аст аз фаъолият боз мондааст.
Тибқи қарори ҳукумат таҳти рақами 298 бо имзои Эмомалӣ Раҳмон нархи ибтидоии ҳамаи 747 100 дона саҳмияи корхонаи «Азот» 190 миллион сомонӣ муайян шудааст.
Харидори корхонаи «Азот» муваззаф аст дар 3 соли оянда хатти гази «Ёвон- Леваканд»-ро бунёд кунад, ки масрафи он 400 миллион сомонӣ муайян шудааст, 1100 ҷойи кории доимӣ таъсис диҳад ва дар соли аввал пас аз харидани саҳмияҳо на кам аз 25 миллион сомонӣ қарзҳои кредитории корхонаи «Азот»-ро супорад.
Наздик ба як сол қабл ҳукумати Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ бо ширкати чинии “Хэнан Чжун-Я, Гурӯҳи холдингӣ” оид ба навсозӣ ва роҳандозии корхонаи истеҳсоли аммиак ва карбомидро, ки дар асоси ЧСК “Азот”, ки се сол пеш баста шуда буд лағв кард.
Сабаби чунин тасмими ҳукумат иҷро нагаштани ӯҳдадориҳо аз тарафи ширкати чинӣ унвон мешуд. Баъди ин тасмими ҳукумат ягона корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар кишвар, ки дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон қарор дорад, дубора бесоҳиб монд. Ин корхонаро ҳукумат баъди боздошти соҳибкори маъруф Зайд Саидов давлатӣ карда буд.
Ин корхона соли 2001 аз тарафи Зайд Саидов ва миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ хусусӣ карда шуда буд. Он замон 75 дарсади саҳмияҳои ҶСК “Азот” ба Дмитрий Фирташ, 20%-аш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5%-и он ба писари Саидов Хайрулло таъаллуқ гирифт. Баъди қатъи интиқоли гази Ӯзбекистон, ки корхона бо он фаъолият мекард, идомаи истеҳсолот дар он ғайриимкон гардид ва аз кор бозмонд.
Баъди боздошти вазири собиқи саноати Тоҷикистон, ки мутаносибан дар ҳамин давра Фирташ ҳам аз тарафи ҳукумати Укроин зери таъқиб қарор гирифт ва ба хориҷ фирор кард, ҳукумтаи Тоҷикистон тамоми моликияти корхона бо шумули таҷҳизоти нави воридкардаи сармоягузори укроинӣ давлатӣ эълон кард.
Сентябри соли 2016 байни ҳукумтаи Тоҷикистон ва ширкати чинии “Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ” шартномаи ҳамкорӣ оид ба навсозӣ ва бакорандозии ин корхона шартномаи ҳамкорӣ имзо гардид. Тибқи он ширкати чинӣ муваззаф шуд барои бозсозии ягона корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ $360 млн сармоягузорӣ кунад. Тибқи ин созишнома 50%+1 саҳмияи корхона ба ширкати чинӣ ва мобақияш ба ҳукумати Тоҷикистон таъаллуқ гирифт.
Аммо тибқи иттилоъи мақомот, ширкати чинӣ масъулияти ба дӯшаш гирифтаро иҷро накард. Яке аз шартҳои созишнома ин буда, ки корхона ба фаъолият бо ангишт гузарад.
Ҳоло интиқоли гази Ӯзбекистон аз сар гирифта шуда ва ҳукумат аз нияти баргардонидани фаъолияти ҶСК “Азот” ба ангишт ҳам даст кашидааст. Дар ҳамин ҳол, қубурҳои интиқоли газ ба ин корхона қисман корношоям ва қисман дуздида шудаанд.
Коршиносон ба ин назаранд, ки бо дарназардошти муносибати мақомоти Тоҷикистон бо сармоягузорон, аз ҷумла бо Дмитрий Фирташ ва Зайд Саидов, дар гумон аст, ки сармоядоре ба харидани ин корхона ҷуръат кунад.
“Азот” ягона корхонае нест, ки аз Зайд Саид Мусодира шудааст. Мувофиқи маълуомти Кумитаи андоз дар соли 2013, Зайд Саидов молик ва шарики моликияти 13 корхонаҳои зерин буд: ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал», ҶСП «Гулистон», ҶДММ «Рос Азия Инвест», ҶСП КМ «Тоҷик Азот», ҶСП «Абрешим», ҶСП «Маркази истеҳсолӣ-таълимии «Заргарӣ”, инчунини»» ҶСП «Алмаз Азия», ҶДММ «Тоҷ-Рус-Ҳамкор», ҶДММ «Гулистон Тур», ҶСП «Табаррук», ҶСП «Меҳробод», ҶСП «Шерзод-2013», ҶСП «Тоҷик Мармар». Ҳамаи корхонаҳо тибқи қарори суд мусодира шуданд.
Гуфтанист, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 дар фурудгоҳи Душанбе пас аз бозгашт аз шаҳри Порис боздошт шуд. Ин амал баъди аз ҷониби ӯ эълон кардани нияти таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» сурат пазируфт. Корхонаҳое, ки пурра ё қисман ба ӯ тааллуқ доштанд, мусодира ва миллӣ карда шуданд.
Охири моҳи декабри ҳамон сол ӯ ба ҷурми қаллобӣ, порагирӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.
Моҳи августи соли 2015 Суди олии Тоҷикистон барои сохтакории ҳуҷҷатҳо дар сохтмони бинои маҷмааи “Душанбе Плаза” ва ғайриқонунӣ хусусигардонии иттиҳодияи “Тоҷикатлас” замони вазири саноат буданаш муҳлати ҷазои ӯро то 29 сол дароз кард. Ҳамчунин суд ӯро ба пардохти 34 млн сомонӣ ҷарима уҳдадор кард.
Рӯзи 20 ноябри соли 2015 Суди олии ҷумҳурӣ шикояти таҷдиди назари тоҷир Зайд Саидовро баррасӣ нмуда, ҳукми қаблан содиршударо бетағйир боқӣ гузошт.
Ахиран, аввали моҳи январи соли 2020 Ҳукумати Тоҷикистон бинои маркази савдоро дар кӯчаи Лоиқ Шералии Душанбе, ки фарзандони Зайд Саидов тааллуқ дошт, мусодира намуд. Ин охирин манбаъи даромади хонаводаи 30 нафараи соҳибкори зиндонӣ буд.
Масъалаи зулму ноадолатӣ ба Зайд Саидов ва хонаводааш бисёр тӯлонӣ ва дарднок аст, ки бояд ҳатман дар барномаи алоҳидае аз он гуфту сӯҳбат кард. Ҳоло баргардем а масъалаи корхонаҳои мусодирашудаи ӯ.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём тақрибан ҳамаи ин корхонаҳо ба ҷуз 2-3 тои онҳо, ки хеле заъифтар аз қабл кор мекунанд, аз фаъолият мондаанд. Ҳазорҳо ҷои корӣ нобуд шуда, ба шумори муҳоҷирон афзудааст, миллионҳо сомонӣ андоз ба буҷаи давлат ворид намешавад, даҳҳо шариккори Зайд Саид, аз ҷумла Дмитрий Фирташ, ки сармоягузорӣ мекарданд, аз Тоҷикистон сармояи худро берун кашидаанд, садҳо шояд ҳазорҳо сармоягузори дигар, ки аз ин ғиромии ҳукумати кишвар огоҳ шудаанд, дигар қадамашонро ба Тоҷикистон намегузоранд.
Агар зарари мустақим аз мусодира шудану сипас аз кор мондани корхонаҳои мутааллиқ ба Зайд Саидов фаразан сад миллион доллар бошад, зарари ғайримустақими он, яъне фирори сармоягузорон миллиардҳо доллар метавонад бошад. Ва ҳамаи ин танҳо ба он хотир, ки ба Эмомалӣ Раҳмон ҳизби нав боз кардани Зайд Саид писанд наомад.