Дар Ню-Йорк нишасти раисҷумҳури Амрико бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. То ҳол ҳади ақал як раисҷумҳур аз ОМ ба ин нишаст даъват шудааст.
Тибқи иттилоъи маҷаллаи «Forbes», Ҷо Байден раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёевро ба ин нишаст даъват кардааст. Қарор аст нишаст бо формати «Осиёи Марказӣ — ИМА» («С5+1») дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони милал дар охири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шавад.
Дар номаи Байден ба Мирзиёев, ки «Forbes» нашр кардааст гуфта мешавад «ман муштоқона ҷаласаи навбатии Маҷмаи умумии СММ-ро мунтазирам, ки дар он мо дар мавриди масоили муҳими зиндагии мардумонамон ба пешравӣ ноил хоҳем шуд. Ман умедворам, ки шумо бо ман ва ҳамкоронамон-роҳбарон дар мулоқоти расмии «С5+1″ рӯзҳои 19 ва 20 сентябр ҳамроҳ мешавад».
Маълум нест раисҷумҳурҳои дигари ОМ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон чунин номаҳое дарёфт кардаанд ё на.
Русия Осиёи Миёнаро минтақаи таҳти нуфузи худ медонад ва ба ҳар гуна иқдомҳое инчунин бо нигаронӣ вокуниш мекунад. Дар ҳамин ҳол вокуниши Русия ба нишасти дарпешистодаи Байден бо сарони ОМ ҳанӯз рӯ назадааст.