Самариддин Раҷабов, як фаоли иҷтимоиро, ки тули 6 моҳ аст дар боздоштгоҳи Маскав қарор дошт, Додгоҳи ноҳияи Мешанскийи Маскав рӯзи 24-уми декабр 100 ҳазор рубл ҷарима баст ва аз толори додгоҳ озод кард. Пештар додситон барои ӯ 3,5 сол маҳрумӣ аз озодиро талаб карда буд.
Самариддин Раҷабов дар эътирозҳои мардумии тобистон барои роҳ наёфтани номзадҳои мустақил ба интихоботи маҷлиси Маскав дастгир шуд. Самариддинро ба кӯшиши истифода аз зӯр алайҳи мақомот муттаҳам карданд. Аммо худи ӯ ва ҳамроҳонаш ин айбро рад намуданд.
Cадриддин Раҷабов, падари Самариддин Раҷабов, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аз амали писараш пурра ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ гуфтааст, бигзор, то замони раҳо шудани охирин зиндонии сиёсӣ фаъолиятҳои сиёсиашро идома диҳад. Ҳоло дар Русия беш аз 300 зиндонии сиёсӣ ҳастанд. Дар асри 21 дар Русия будани зиндониёни сиёсӣ як шармандагӣ ва мояи хиҷолат аст.”
Раҷабов афзудааст, ҷонибдори риояи беқайду шарти ҳуқуқи инсон аст ва маҳз ба хотири зиндагии озод Тоҷикистонро тарк кардааст. Раҷабов афсус мехурад, ки дар Тоҷикистони озодӣ ва риояи ҳуқуқи инсон нест.
Ёдовар мешавем, ки эътирозҳо ба зидди мақомоти Комиссияи марказии интихоботи Русия рӯзи 27-уми июли имсол дар Маскав баргузор шуда буд. Мардум аз он норозӣ буданд, ки мақомот номзадҳои мустақил ва мухолифинро ба интихоботи маҷлиси пойтахти Русия роҳ надодаанд. Мақомот Самариддин Раҷабовро ба он муттаҳам карданд, ки дар ҷараёни эътирозҳои тобистони имсол дар гулгашти “Светной” ба сӯи маъмурони милиса зарфи пластикиро ҳаво додааст.