Рубрики Хабарҳо

Оҷил! ОМОН ва ҷангиёни “Фронти халқӣ” дар Ванҷ мустақар шудаанд

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон аз адами тасмими амалиёти низомӣ дар Бадахшон ҳарф мезананд, манобеъи Паём аз мустақар шудани гурӯҳи бузурги махсуси пулис дар ноҳияи Ванҷ хабар медиҳанд. Ба ин гурӯҳ даҳҳо собиқ ҷангиёни Фронти халқӣ шомил гардидаанд.

Як гурӯҳи махсуси пулис (ОМОН), ки аз 400 нафар иборат аст, дар ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон мустақар шудааст. Ба гурӯҳ аз 200 нафар кормандони махсуси пулис, ки дар Ғарм омода шудаву дар чанд амалиёт ширкат кардаанд, шомиланд. Нимаи дигари ин гурӯҳро ОМОН-и вилояти Хатлон ва собиқ ҷангиёни Фронти халқӣ ташкил медиҳанд.

Аз аъзои Фронти халқӣ асосан онҳое интихоб шудаанд, ки таҷрибаи бузурги ҷангӣву раҳбарӣ дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 касб кардаанд. Ба ҳар 10 нафар 1 ҷангии Фронти халқӣ раҳбар таъин гардидааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохила аз водии Язғулом то Хоруғ 6 посгоҳи махсус таъсис додаанд, ки қаблан вуҷуд надоштааст.

Ҳамчунин, тибқи иттилоъи манбаъи дигари Паём, пас аз таҳдидҳои мақомот ва дарки ин ки амалиёт ногузир аст, панҷ нафаре, ки мақомот “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ” меноманд, гуфтаанд агар мушкил дар онҳо бошад, омодаанд таслим шаванд, то амалиёти ҳарбӣ сурат нагирад.

Аммо КДАМ ба онҳо пешниҳод кардааст тавассути долони махсус аз Тоҷикистон хориҷ шаванд. Зоҳиран Кумита Афғонистонро дар назар дорад. Сабаби ин пешниҳод маълум нест, аммо ин панҷ нафар дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор доранд.

Тибқи иттилоъи ҳамин манбаъ қисмате аз тирандозҳое, ки барои ҳимояи раисҷумҳур зимни сафараш ба Бадахшон рафта буданд, дар Хоруғ боқӣ мондаанд. Ҳамчунин Додситони кулл, раиси Кумитаи амният ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон айи ҳол дар маркази Бадахшон қарор доранд.  

Қаблан Саймӯъмин Ятимов, раиси КДАМ зимни гузоришаш аз вазъи Бадахшон даъво кард “гурӯҳҳои ҷиноӣ” ҳанӯз танҳо 10-15 дарсади силоҳҳояшнро супоридаанд. 170-180 яроқе, ки супориданд, ҳамагӣ 10 – 15 фоизи силоҳи онҳост. Талаби ситод ин аст, ки то охир, то як дона тир супоранд. Ин як дона тир, як таппончаи Макаров, як пулемёт онҳоро муҳофизат намекунад, наметавонад муҳофизат кунад. Агар насупоранд, ҷинояткорӣ идома ёбад, оқибаташ тибқи қонун чораандешӣ мешавад”, — таҳдид кард ӯ.

Худи ӯ аз онҳо ном нагирифт, вале маркази матбуотии Ситоди муштараки байнисоҳавӣ 5 нафарро “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ дар Бадахшон хонд, ки иборатанд аз Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгор Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович ва Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович.

Раисаи КДАМ даъво кард аз шумору намудҳои силоҳ, ки ин гурӯҳҳо доранд, иттилоъ дорад: «Дар ҳавлии онҳо чанд нафар бо яроқ истодаанд, навъҳои яроқи онҳо. Мо захираи тирҳояшонро медонем. Шабҳо дар кадом болохона пулемёти Калашников, дар кадом маршрут гранатамёт гирифтагиянд, разведчикҳояшон дар куҷо кор мекунанд, ҳамаашро медонем”.

Аммо панҷ муттаҳаме, ки мақомот “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ” мехонанд, ин ҳамаро тӯҳмат медонанд. Онҳо аз замоне, ки раисҷумҳур ба Хоруғ омаду даъво кард Бадахшонро чанд гурӯҳи ҷиноӣ идора мекунад, эълони ҳамкорӣ бо мақомотро карданд.

Субҳи имрӯз онҳо ба идораи додситонии вилояти Бадахшон ҳозир шудаанд, то бифаҳманд бо чӣ далеле мақомот онҳоро ба ин ҷиноятҳо муттаҳам мекунанд. Толиб Айёмбеков, яке аз ин афрод, рӯзи 22-юми октябр гуфтааст, ки мехоҳанд аз мақомот дар бораи иттиҳоми эълоншуда зидди ӯ ва ҳамроҳони дигараш бипурсанд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *