Рӯза яке аз панҷ аркони Ислом мебошад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: Ислом аз панҷ чиз бунёд мегардад: Шаҳодат додан, ба ин ки Аллоҳ ягона аст, ба ҷуз Аллоҳ маъбуди дигаре вуҷуд надорад ва Муҳаммад Расули Аллоҳ мебошанд. Намоз хандану закот додан, рӯза гирифтану ҳаҷ кардан аст.
Маънои Рӯза худдорӣ кардан мебошад. Худдорӣ намудан аз хурдану нӯшидан ва ҷимоъ кардан, аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб ҳамроҳи ният.
Дар бораи фазилати Рӯза далелҳо хеле зиёданд.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:
Аллоҳи таъоло мегӯяд: Тамоми амалҳои фарзанди одам барои худаш аст, ба ҷуз Рӯза. Рӯзаро фарзанди одам барои ман мегирад ва ман подоши Рӯзаашро медиҳам. Ҳамоно Рӯза боздорандаи гуноҳҳо мебошад, Агар ягоне аз шумо рӯза бигирад, касеро дашном надиҳад, доду фиғон назанад, касеро наозорад. Агар касе ӯро дашном диҳад ва ё бар ӯ зулм шавад бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам, ман рӯзадор ҳастам, Қасам ба зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти ӯст дар рӯзи Қиёмат дар назди Аллоҳ бӯйи даҳони рӯзадор аз бӯйи атри Мушк хушбӯйтар аст ва шахси рӯзадорро ду хушҳоли интизор аст, яке ҳангоми ифтор намуданаш, дигаре ҳангоме, ки Парвардигорашро мулоқот мекунаду шод мегардад.( Бухорӣ ва Муслим)
Дар ҳадиси дигар омадааст:
Дар Ҷаннат дарвозае ҳаст, ки Райён ном дорад. Дар рӯзи Қиёмат фарёд карда мешавад: Куҷо ҳастанд Рӯзадорон, то ба ин дарвоза дохил гарданд, вақте аҳли Рӯза дохили дарвоза мегарданд, дарҳояш баста мешавад. (Бухорӣ ва Муслим)
Ин ҳадисҳо оиди фазилату савоби Рӯза буд. Агар ба фоидаҳои рӯза нигоҳ кунем, ҳам ҷисман ва ҳам руҳан фоидаҳояш хеле зиёданд:
Рӯза маводҳои зарароваре, ки дар ҷисми инсон ҷамъ мешаванд, аз байн мебарад. Рӯза ҷигар ва гурдаҳоро аз заҳрҳои муддати тӯлонӣ ҷамъ гашта пок месозад.
Рӯза равғани баданро об месозад. Барои онҳое, ки мушкилии зиёд вазнӣ доранд, рӯза хеле хуб мусоидат мекунад, ба шарти он, ки хӯроки солим ва бо тарзи дуруст тановул намоянд.
Инсонҳое, ки гирифтори фишори баланди хун ҳастанд, бо гирифтани рӯза саломатиашон беҳтар мешавад, зеро рӯза гулукози хунро кам месозад.
Рӯза сабаб мегардад бо тановул кардани ғизои кам ҷисм ба хуби ғизои тановулшударо ҳазм намояд дар натиҷа ҷиҳозҳои ҳазмӣ низ корашон хубтар мегардад.
Аз тарафи дигар Рӯза беҳтарин тарбияткунандаи нафс аст.
Инсони рӯзадор ҳангоми гуруснагӣ камбағалонро ба хотир меорад. Ҳолати вазнини гурснаву ташнамондагонро дарк мекунад. Ба бечорагон дасти ёрӣ мерасонад. Мефаҳмад, ки шиками сер доштан чӣ қадар неъмати бузург аст.
Шахсони сарватманд дар қатори камбағалон ҳама як ҷоя мунтазири ифтор мешаванд. Сарватмандон дар гуруснагиву заъифи аз камдастон фарқ намекунанд. Инсон дарк мекунад, ки ҳама бандагон фақиру сарватманд дар назди Аллоҳ яксон мебошанд.
Рӯза ба инсон сабрро меомӯзад. Соатҳои дароз худдорӣ кардан аз лаззатҳои моддӣ қуввати виҷдону сабурӣро мефаҳмонад. Инсон чигуна худро ба даст гирифтан ва худдорӣ кардан аз лаззатҳои дунёро ба даст меорад.
Бо шиками гурусна мунтазири ифтор мондан, дарак медиҳад, ки мо чӣ қадар заъифу муҳтоҷ ҳастем, як луқмаи ночиз сабаб бегардад, аз пой биафтем, қувватро аз даст дода мунтазири ифтор монем. Вақте то куҷо заифии худро дарк мекунем, албатта куҷо қавӣ будани Парвардигор ба хотирамон меояд, дар натиҷа тақворо касб мекунем.
Муслима Аҳмадӣ