Рубрики Хабарҳо

Сергей Шойгу: Русия ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳо ва чархболҳои зиёди ҷангӣ мефиристад.

Оҷонсии иттилоотии хабар медиҳад, ки аз соли 2017 Русия ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳо ва чархболҳои зиёди ҷангӣ мефиристад.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои интиқоли ҳавопаймову чархболҳо байни вазирони дифоъи ду кишвар Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо дар ҳошияи ҳамоиши вазирони дифоъи ИДМ ба имзо расидааст.

Зимни мулоқот вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу , соли 2017-ро дар ҳамкориҳои низомии Маскаву Душанбе калидӣ хонда гуфт: “Соли оянда марҳилаи асосии ҳамкориҳои низомӣ техникӣ фаро мерасад. Лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла ҳавопаймою чархболҳои зиёд ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳанд шуд. Фикр мекунам, ин ҳама саривақт амалӣ хоҳад шуд ва албатта барои субот дар минтақа хидмат хоҳад кард”.

Шойгу инчунин изҳор доштааст, ки Русия то ҳол ҳудуди 1000 афсари тоҷикро бо омӯзиш фаро гирифтааст ва минбаъд омодасозии афсарону мутахассисони зинаи миёнаро таҳким мебахшад: “Мо омодасозии низомиёни тоҷикро идома медиҳем. Махсусан дар шароити хатарҳои зиёд, аз ҷумла зуҳури “ДИИШ” дар қаламрави Афғонистон”.

Ин дар ҳолест, ки Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури Қазоқистон  дар як суҳбаташ бо шабакаи телевизионии “Россия 24” ҳушдор дод, ки дар сурати шикасти “ДИИШ” дар Сурия ва Ироқ ҷангиёни “ДИИШ”  дар Афғонистон, метавонанд дар марзи Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон пайдо шаванд.

Коршиносони ин соҳа мегӯянд, аз рӯи гуфтаҳои роҳбарони кишварҳои осиёи миёнагӣ ва омодасозии лавозимоти ҷангӣ дар кишварҳои ҳамсарҳади кишвари Афғонистан тахмин зада мешавад, интизор меравад як даргирие ба ин зудӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вуқуъ хоҳад омад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *