Дар охирин рӯз аз “ҳамапурсӣ” дар чаҳор минтақаи ишғолии Укроин, Русия бори дигар бар имкони истифода аз силоҳи атомӣ таъкид кард. Вазорати дифоъи Бритониё пешбинӣ мекунад Русия ба зудӣ пайвастани ин чаҳор минтақа ба хоки худро эълом кунад.
“Ҳамапурсии намоишӣ” дар чаҳор минтақаи Укроин, ки бинобар гузоришҳо ба сурати райъгирии иҷборӣ аз шаҳрвандони укроинӣ баргузор шуд, 23 сентябр оғоз шуд ва сешанбе 27 сентябр ба поён расид.
Ин райъгирӣ дар Луганск ва Донетск, ду устони таҳти контроли ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Русия ва ду минтақаи Херсон ва Запороже баргузор шуда, ки бахшҳои муҳимме аз онҳо дар ишғоли нерӯҳои русӣ аст.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар як суханроние, ки чаҳоршанбеи гузашта аз телевизиони давлатӣ пахш шуд гуфт, Маскав аз “райъи аксарияти шаҳрвандон” ва тасмиме, ки дар “ҳамапурсӣ” гирифта мешавад пуштибонӣ мекунад.
Ҳамон гуна, ки пешбинӣ мешуд “натиҷа”-и ин ба истилоҳ референдум, мувофиқати аксарият бо пайвастан ба федератсияи Русия шудд ва интизор меравад Маскав дар рӯзҳои оянда ин манотиқро ба хоки худ замима кунад.
Путин ва эъломи пайвастани манотиқи ишғолӣ дар рӯзҳои оянда
Вазорати дифоъи Бритониё дар арзёбии рӯзонаи худ аз вазъияти ҷанг дар Укроин мегӯяд “эҳтмоли воқеъбинона” ин аст, ки Путин ҷумъаи оянда пайвастани чаҳор минтақаи ишғолӣ ба федератсияи Русияро дар суханронии худ дар парлумон эълом кунад.
Укроин, кишварҳои ғарбӣ ва бисёре дигар аз кишварҳои ҷаҳон иқдоми Русияро нақзкунандаи қавонини байналмилалӣ хонда ва маҳкум кардаанд.
Туркия ба унвони кишваре, ки бо Маскав равобити наздике дорад низ баргузории референдуми намоишӣ дар манотиқи ишғолии Укроинро маҳкум кардааст.
Вазорати хориҷаи Туркия ҳафтаи гузашта дар баёнияе иқдоми Русияро номашруъ хонд ва таъкид кард, ки ҷомеаъи ҷаҳонӣ натоиҷи ҳамапурсии намоиширо ба расмият нахоҳад шинохт.
Собиқаи Маскав дар илҳоқи сарзаминҳои ишғолӣ
Ин гуна иқдомҳои Маскав бесобиқа нест. Русия дар соли 2014 шибҳи ҷазираи Кримро ишғол ва дар як “ҳамапурсӣ”, ки ҷомеъаи байналмилалӣ онро ба расмият намешиносад ин минтақа аз сарзамини Укроинро ба хоки худ замима кард.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин борҳо таъкид карда референдуми эъломшуда тағйире дар тааҳҳуди ин кишвар барои бозпасгирии манотиқи ишғолӣ аз нерӯҳои русӣ эҷод нахоҳад кард.
Бархе таҳлилгарон баргузории референдумро вокунише ба пирӯзиҳои ахири нерӯҳои укроинӣ дар озодсози бархе манотиқи ишғолӣ арзёбӣ мекунанд, ки кумакҳои таслиҳотии Ғарб дар он нақши муҳимме доштааст.
Путин ҳафтаи гузашта зоҳиран дар вокуниш ба ин ҳимоятҳо кишварҳои ғарбиро таҳдид кард агар тамомияти арзии Русия ба хатар биафтад ин кишвар аз тамоми абзоре, ки дар ихтиёр дорад барои муҳофизат аз худ ва шаҳрвандонаш истифода мекунад. Ў таъкид кард, ки ин ҳарф “як блеф нест”.
Таҳдиди дубораи Медведев ба истифода аз силоҳи атомӣ
Ин сухан ба маънои таҳдид ба истифода аз силоҳи атомӣ барои ҳифзи манотиқи ишғолӣ таъбир шудааст. Дмитрий Медведев, муовин Шӯрои амнияти миллии Русия ва раисҷумҳури собиқи ин кишвар ҳафтаи гузашта ин таҳдидро ошкортар баён карда буд ва сешанбе дубора онро такрор кард.
Медведев дар каналтелеграми худ навишт Русия агар бо силоҳи атомӣ мавридӣ ҳамла қарор гирад тибқи усули боздорандагии ҳастаӣ посухи мутақобил медиҳад ва агар мавҷудияташ бо силоҳҳои мутаориф ҳам таҳдид шавад аз таслиҳоти атомӣ истифода хоҳад кард.
Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар вокуниш ба таҳдидҳои ахири Русия бори дигар нисбат ба истифодаи эҳтимолӣ аз силоҳҳои атомӣ ба Маскав ҳушдор дод.
Нед Прайс, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар гуфтугӯ бо шабакаи СNN таъкид кард, ки паёмади истифодаи Русия аз силоҳи атомӣ “хориқулъода ва воқеӣ” хоҳад буд ва ин масъала барои Маскав хеле равшан баён шудааст.
Ӯ гуфт Амрико барои Русия ҷойи кӯчактарин тардиде боқӣ нагузошта, ки вокунишаш ба таҳдидҳои атомии ин кишвар комилан ҷиддӣ аст. Ў дар бораи ин вокунишҳо тавзеҳи бештаре надод.
Таҳдиди ҳафтаи гузаштаи Путин низ билофосила бо вокуниши Иёлоти муттаҳида, Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО рӯ ба рӯ шуд ва Ҷон Крёбӣ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико изҳороти Путинро “ҳарфҳои ғайримасъулона” хонд.