Рубрики Хабарҳо

«Пулиси Ҳинд ба мусалмонон зулм мекунад»

Пулиси Деҳли бо бутпарастон пайваст ва мусалмононро ҳадафи зулм қарор дод.

Созмони авфи байналмиллал дар аввали соли ҷорӣ гузориши ҷадидеро дар мавриди даргириҳои хунини миёни ҳиндуёну мусалонон дар Ҳиндустонро нашр карда буд.  Дар гузориш омадааст, ки дар ҷараёни даргириҳои мазҳабӣ дар Деҳлӣ пулис ба таври ҷиддӣ ҳуқуқи башарро нақз кардааст. Дар либоси махсуси хизматӣ  ба тазоҳурот ҳамла карда, садҳо нафар эътирозгаронро бо мошинҳои боркаш бурдааст. 

Дар задухӯрдҳои миёни  ҳиндуҳо ва мусулмонон бар сари қонунҳои шаҳрвандии баҳсбарангези Ҳиндустон беш аз 40 нафар кушта шуданд. Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, ки аз ҳама бештар мусалмонҳо зарар дидаанд. 

Полиси Деҳлӣ, ки ҷониби ҳиндуён гузашта, мусалмононро зери фишори ҷисмонӣ  қарор дод, то ҳол ба пурсишҳои ташкилоти Amnesty International посух надодааст. Полис  як қатор  омӯзгорон ва толибилмонро, ки фаъолони ҳуқуқи башаранд ва аксарашон мусалмононд, низ боздошт кардааст. 

Расонаи хабарии Би-Би-Си низ  гузориш дод, ки ҳодисаҳои бераҳмӣ ва хушунати полис рух додаанд, дар ҳоле ки маъмурони полис ҳама гуна қонуншиканиро рад карданд. Тафтишоти  созмонҳои байналмилалӣ низ бо гузоришҳои Би-Би-Си мувофиқат мекунад. 

Аввал пулис ҳама айбдоркуниҳоро нисбати худ рад мекунад, аммо чун наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданду хабарнигорон дар ин бобат суол карданд, сардоронашон ваъда доданд, ки ин масъаларо дида мебароянд. 

Дар ҳамин ҳол Созмони  Афви Байналмилал, суол мекунанд, ки оё ба полис бовар кардан мумкин аст, ки иттиҳомот алайҳи кормандони худро тафтиш кунад. 

Албатта ҳиндуён низ аз ин ошӯбҳо зиён дидаанд, аммо бо назардошти он, ки мусалмонон нисбат ба ҳиндуҳо се маротиба бештар талафот дидаанд, чунин ба назар мерасад, ки ин бетартибиҳо худ аз худ ба вуқӯъ наомадаанд. 

Гуфтанист, тағирот дар қавонини  шаҳрвандии Ҳиндустон боиси эътирозҳои бузург дар саросари Ҳиндустон дар соли гузашта шуд. Мунаққидон ин қонунро қонуни зидди мусулмонӣ меноманд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *