Ба номи Худои меҳрубони бахшоянда.
Ислом интихоби раҳбар ва итоъат аз онро яке аз рукнҳои асосӣ қарор дадааст, зеро ҳеҷ гоҳ барпо кардани адолат ва назму низоми иҷтимоъm бидуни интихоби раис ва фармонраво қобили иҷро нест. Агар ҷомеъа ё гурӯҳ бе интихоби раис масирашонро ба сӯи ҳадафе тай кунанд, дучори ихтилоф ва сардаргумӣ ва парокандагӣ мешаванд ва худашонро ба нобудӣ мебаранд. Бинобар ин Паёмбари Худо (с) мефармояд, ки “ҳар гоҳ се нафар азми сафар карданд, якеро амири худ қарор диҳанд.” (равоҳу Абудовуд).
Имом Аҳмад(р) аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад,ки Паёмбари Худо (с) фармудааст:
“Раво нест, ки се нафар дар саҳрое зиндагӣ кунанд ва якеро амир ва раиси худ қарор надиҳанд”.
Вақте Паёмбар дар иҷтимоъи содда ки он ҳам се нафар аст интихоби раисро як амри зарурӣ медонад, пас аз ин фаҳмида мешавад, ки интихоби раис дар умури иҷтимоъӣ аз ин бештар зарурӣ аст ва амри муҳим низ ҳаст.
Мутаасифона, дар асри ҳозир мусалмонон дар аксар кишварҳое, ки мусалмоннишин ҳастанд, аммо ҳокимияти диктотурӣ ва ғайри исломӣ доранд, дар иҷрои ин раҳнамудҳои Паёмбар дучори касолат ва танбалӣ нишон шудаанд ва аз ин танбалии онҳо фармонравоёни динситез истифода бурда, болои мусалмонон раисе ё муфтие ,ки бо хоҳиши онҳо амал мекунад,таъин мекунанд. Ҳол он ки Паёмбари Худо (с) мефармояд: “Ҳаргоҳ марг ба суроғи касе биёяд, ки байъат ва паймонеро напазируфта бошад (яъне ба амир ва раиси мусалмон байъат накарда бошад) ба марги ҷоҳилият мурдааст.” (ривоят кардааст Бухорӣ дар китоби Илм).
Тардиде нест, ки байъати мусалмон ба амире, ки пойбанди ислом нест, амали ҳаром аст. Дар ин сурат мусалмононе, ки дар ин кишварҳо зиндагӣ мекунанд, барои онҳо лозим аст, ки пешвои мусалмоне дошта бошанд, ки бо у байъат кунанд. Пешвоеро интихоб кунанд, ки бо тақво ва бо ҷуръат бошад, то дар муқобили ҳокимони ситамгар аз мусалмонон дифоъ карда тавонад ва масъулиятпазир бошад ва сукутро ихтиёр накунад.
Иллати дигаре, ки мусалмонон дучори залилӣ ва парокандагӣ шудаанд, камбуди раисони бо ҷуръат аст. Ин сабаб шудааст, ки мардуми мусалмон дунболи раисони беҷуръат бираванд.
Иллати саввум ин аст: мардоне, ки дар саҳнаи мубориза пой мегузоранд аз шинохти як раҳбари боҷуръат ва кордон ва донишманди соҳаи сиесати муосир фарсахҳо дуранд ва ҳар чи бо хоҳишу фаҳмиши кунде, ки нисбат ба як раиси сиёсатмадор доранд, амал мекунанд ва дучори иштибоҳи бузург мешаванд.
Ин каҷфаҳмиҳо сабаб шудааст, ки ҳар гуруҳ ба худ ва ба хоҳиши ҳавои нафси худ пешвоеро ё раисеро интихоб карда бо у байъат кунад ва дар байни мусалмонон парокандагӣ ба вуҷуд биояд. То замоне, ки мусалмонон дар интихоби раҳбар ба Қуръону суннат бо фаҳмиши амиқи илмӣ бар нагарданд, ин парокандагӣ ва ихтилофашон боқӣ мемонад. Агар мо ба ояҳо ва ҳадисҳое, ки дар бораи интихоби амир ва итоати аз ӯ назар биандозем, аз онҳо як амри муҳиме бар меояд, ки он ихтилоф ва тафриқа накардан аст. Ихтилофи назар табиъӣ аст, аммо ихтилофро ба ҳадди тафриқа бурдан аз соҳиби шариъат наҳи шудааст. Назди ҷумҳури уламо шарти интихоби амир маъсум будан нест. Шояд амир дар иҷрои мудирияти мардум дучори иштибоҳ ё хатое шавад, ё ҳаққи мардумро нодида бигирад. Дар ин сурат ба танҳоӣ ё чанд нафар байъати худро бе маслиҳати мардум кардан кори оқилона нест ва ба чуз тафриқа чизе ба бор намеорад. Ин ҳам то андозае, ки амир дар байни шумо намозро барпо медорад ва муртакиби амали куфр нашуда бошад.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Мо охир омадем аз ҳамма пеш ҳастем”.
Ва фармуданд: “Касе, ки аз ман итоат кунад аз Худованд итоат кардааст ва касе, ки аз ман нофармонӣ кунад нофармонии Худовандро кардааст ва касе, ки итоати амирро бинамояд итоъати маро кардааст ва касе, ки нофармонии амирро менамояд нофармонии манро кардааст. Имом (яъне амир) монанди сипар аст, дар пушти ӯ ҷанг сурат мегирад (яъне мубориза алайҳи душман, хоҳ сиёсӣ бошад ё низомӣ) ва ба вай паноҳ ҷуста мешавад. Агар тақво ва адолат намояд, Худо барояш савоб медиҳад ва агар чизе бар хилофи он бигуяд, гуноҳи он бар зиммаи худаш мебошад.” (Бухорӣ;1270)
Ин ҳадис далолат бар муҳим будани амир ва мунсаҷим будан дар атрофи амир мекунад.
Дар ҷои дигар Муслим аз Воили Ҳазрамӣ ривоят мекунад, ки Салама бини Язиди Ҷаъфӣ ба Паёмбари Худо (с) гуфт: Ë Расулуллоҳ! Агар амироне барои мо гумошта шавад, ки ҳаққашонро аз мо мехостанд, аммо ҳуқуқи моро адо намекунанд, дастури шумо барои мо чист? Паёмбар аз ӯ рӯй гардонид ва посух надод. Салама дубора саволашро матраҳ намуд, боз ҳам Паёмбар ҷавобашро надод. Дувумин ё савумин бор саволашроҳ матраҳ кард. Ашъас бини Қайс пероҳанашро кашид ва гуфт: Ба сухани онҳо гуш кунед ва аз онҳо итоъат кунед, зеро онҳо бояд ба масъулияташон амал кунанд ва шумо ҳам бояд ба масъулияти худатон амал кунед.
Ва дар ривояти дигар омадааст, ки Ашъас бини Қайс пероҳанашро кашид, онгоҳ Паёмбар гуфт: “Гуш кунед ва итоъат кунед, зеро онон бояд ба масъулияти худашон амал кунанд ва шумо ҳам ба маъулияти худатон амал кунед.” (Муслим;китоби Аморат;1227)
Агар мо ба ояи 59-и сураи Нисо, ки умдатарин ва ошкортарин оя дар бораи итоъати амир нозил шудааст ва итоъати амирро бо итоъати Худо ва Паёмбар яксон овардааст. Оя чунин аст:
“Эй касоне, ки имон овардед! Худоро итоъат кунед ва аз фиристодаи у ва соҳибони амратон (яъне амиронатон, ки хоҳ гумошта мешаванд ё худатон бо райъи аксарият интихоб мекунед) итоъат намоед. Пас агар дар бораи чизе (аз амри дин ё дунё) низоъ доштед онро ба Худо ва Расулаш баргардонед, агар имон ба Худо ва рузи қиёмат дошта бошед. Ин барои шумо беҳтар ва хушоқибаттар аст.”
Дар бахши поёнии оят, ки мегуяд, “агар низоъ, яъне ихтилоф дошта бошед дар чизе аз амри дин ё амри дунё, ки амиратон иҷро намекунад, баргардед ба фармудаҳои Худо ва Паёмбараш, ки Худову Паёмбар ба рафтори ӯ чи қазоват кардааст, на ин ки бо аҷала уро маҷбур кунед, ки аз мансабаш истеъфо равад во боиси ихтилоф ва тафриқа дар байни мардум шавад, зеро иттиҳоду мусолиҳа дар байни мусалмонон амри муҳим аст.
Муслим аз Арфаҷаҳ (р) ривоят мекунад, ки Арфаҷаҳ гуфт: Шунидам,ки Паёмбари Худо (с) гуфт:
“Ба зудӣ фитнаҳо ва бидъатҳо иттифоқ хоҳад афтод. Пас агар касе хост дар миёни уммате, ки бар як имом иттифоқи назар доранд,ихтилоф бияндозад, ҳар кас ки буд, ӯро ба қатл бирасонед!” (Муслим:1234)
Ин амри Паёмбар ба қатли ихтилофангез аз он далолат мекунад, ки иттифоқ ва мунсаҷимии уммат амри зарурӣ аст. Агар иттифоқи уммат зарур намебуд Имом Ҳасан (р) баъди шаҳодати падараш амри хилофатро ба Муъовия намесупорид дар ҳоле, ки аз ҷониби падари бузургвораш дар мансаби хилофат насб шуда буд. Ва ин рафтори Имом Ҳасан(р) боиси бист сол иттифоқи мусалмонон шуд ва низоъу даргирӣ аз байн рафт.
Дар ҳадиси дигаре, ки Муслим аз Авф бини Молик ривоят мекунад, Паёмбари Худо (с) фармуд:
“Беҳтарин пешвоёни шумо касоне ҳастанд,ки шумо ононро дуст доред ва онон шуморо дуст доранд ва шумо барои онҳо дуъои хайр мекунед ва онон барои шумо дуъои хайр мекунанд. Ва бадтарини пешвоёни шумо касоне ҳастанд, ки шумо бо онон кина ва душманӣ меварзед ва онон низ нисбат ба шумо душманӣ меварзанд ва шумо ононро нафрин мекунед ва онон низ шуморо нафрин мекунанд.”
Саҳоба арз карданд: Ë Расулуллоҳ! Оё паймони ононро нақз накунем ва шамшер накашем?
Паёмбар гуфт:
“На. То замоне,ки намозро дар миёни шумо барпо медоранд. Ва ҳар гоҳ аз ҳокимони худ амри нописандеро мушоҳида намудед, корашро нописанд бидонед, аммо даст аз итоати у бар надоред.”
Аммо дар дигар ҳадисҳо омадааст, ки кори нописандашро бо сухан рад кунед ва интиқод кунед,ки ин беҳтарин ҷиҳод аст аммо аз қиём кардан даст бикашед, ки боиси ихтилоф ва тафриқа байни мусалмонон мешавад.
То инҷо суҳбат аз муҳим будани иттифоқ ва мунсаҷимии мусалмонон дар атрофи як имом ё амир буд. Мехоҳам чанд тавсияе дар бораи шинохти амир ва соҳибони амр бигуям:
1. Ҳеҷ гоҳ мардум касеро, ки даъвои раисӣ дошта бошад, ба раисӣ интихоб накунанд, ҳарчанд лоиқи раиси бошад, зкро Паёмбари Худо (с) ба Абдураҳмон бини Сумра гуфт: “Эй Абдураҳмон аморатро тақозо накун, зеро агар назар ба тақозо ба ту дода шавад дар он дар монӣ. Агар бидуни тақозо ба ту дода шавад, дар он кумак хоҳӣ шуд ва агар ба коре савганд хурдӣ ва сипас коре беҳтар аз он дидӣ, ҳамон коре, ки беҳтар аст, онро бикун ва каффораи савганд бидеҳ.” (Бухорӣ :7147)
2.Касеро интихоб кунед, ки олим бошад.
3.Касеро интихоб кунед, ки тақво дошта бошад.
4.Касе, ки муттахасиси мудирият бошад.
5.Касе, ки адолатмеҳвар бошад.
6.Касе, ки шуҷоат дошта бошад.
7.Касе, ки дар доштани молу сарват зуҳд дошта бошад ва ҳариси молу сарват ва шукуҳу мансаб набошад.
Иншоаллоҳ агар мусалмонон ин хислатҳоро дар шахсияте пайдо кунанд ва уро пешво интихоб кунанд дар умури дунёву охират муваффақ хоҳанд шуд. Худованд иттифоқу ҳамбастагиро байни мусалмонони ҷаҳон устувор бигардонад!
Муҳаммадсиддиқи Абдуқодир