Рубрики Хабарҳо

Асъор ва иқтисод 19.11.2020

Нархи арз

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 19 ноябр эълон кардааст

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 14 сомониву 65 дирам нишон дода шудааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13 сомониву 35 дирам  то 13 сомониву 60 дирам арзёбӣ кардааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11 сомониву 30  дирам то 11 сомониву 33 дирам  арзёбӣ кардааст. 

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар аз 1 январ то 18 ноябр соли 2020,  ба андозаи 16,6 дар сад поин рафт, ки яке аз назаррастарин коҳишёбӣ тӯли 12 соли охир мебошад.

Пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллар танҳо соли 2015 нисбатан беқурбтар шуда, он ҳамон 34дар садро ташкил дода буд.

Истодагарии бештари сомонӣ нисбат ба доллар соли 2012 ба қайд гирифта шуда, он замон қурби сомонӣ нисбат ба доллар қариб бетағйир — ҳамагӣ 0,1 дар сад боқӣ монда буд.

Ба ин тариқ, тайи 12 соли ахир сомонӣ нисбат ба доллар 3,3 баробар: аз 3 сомониву 35 дирам ба ҳолати 1 январи соли 2009  то 11 сомониву 30 дирам то 18 ноябри ҳамин сол беқурб шуд.

Нархи тилло

Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи  имрӯз  миёни бонкҳои Лондон  1879 доллару 73 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.

Нархи нафти хом

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 43 доллару 94 сент муъомила шуд.

Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 41 доллару 43 сент муомила шуд.

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон аз соли ояндаи 2021 аз 58 то 60 сомонӣ зиёд мешавад. Дар ин бора дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021, ки рӯзи 18 ноябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд, маълумот дода шудааст.

Нишондиҳандаи мазкур дар буҷети давлатӣ бо назардошти сатҳи таваррум, ки дар соли дахлдор пешгӯйӣ мешавад, муқаррар карда мешавад.

Ин нишондиҳанда барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории кишвар татбиқ карда мешавад.

Аз 1 июли соли 2008 нишондиҳанда барои ҳисоб ибораҳое чун “ҳаҷми минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималӣ (ҳадди ақал)”, “ ҳаҷми моҳонаи минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималии моҳона”-ро барои пардохти андозу боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҷаримаҳо иваз намуд.

Тавре таҷрибаи 6 соли ахир нишон медиҳад, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар 2 сол 1 бор тағйир дода мешавад.

Ба ин тариқ, солҳои 2015-2016 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб 40 сомонӣ, солҳои 2017-2018 — 50 сомонӣ ва 2018-2019 — 58 сомониро ташкил дода буд.

Нашри бритониёии The Economist арзонтарин ва гаронтарин шаҳрҳои дунёро муайян кардааст. Дар таҳқиқоте, ки 18 ноябри соли равон нашр шуд, пойтахти Узбакистон — Тошканд ва шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба қатори 5 шаҳри арзонтарини ҷаҳон дохил шуданд.

Шумо метавонед танҳо дар Димишқ (пойтахти Сурия) аз Тошканд арзонтар зиндагӣ кунед. Пас аз он Лусака (пойтахти Замбия), Каракас (пойтахти Венесуэла) ва Алмаато ҷойгиранд.

Дар ҳамин ҳол, гаронтарин шаҳр дар ҷаҳон Сюрихи Швейтсария шуд.

Ба панҷ шаҳри гаронарзиш инчунин Париж (Фаронса), Гонконг (Чин), Сингапур ва Тел-Авив (Исроил) шомиланд.

Муаллифони таҳқиқот арзиши зиндагиро дар ҷаҳон дар соли 2020 тахмин задаанд. Арзёбӣ дар асоси 400 нархҳои инфиродӣ барои 138 маҳсулот ва хидматҳо дар зиёда аз 130 шаҳри ҷаҳон.

Дар омӯзиш шаҳрҳои Тоҷикистон набуданд.

Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли равон аз 59 кишвари ҷаҳон кумаки башардӯстона дарёфт кард. Тавре Агентии омори назди президенти кишвар иттилоъ медиҳад, дар ин давра ба ҷумҳурӣ кумаки башардӯстона бо вазни 19 тонна ба маблағи 41,7 миллион доллар расонида шуд.

Дар байни кишварҳо, ҳиссаи бештар дар арзиши кӯмак ба Чин 17 миллиону 200 ҳазор доллар, ҳудуди 41,8%, Узбекистон (9,9%), Туркия (9,8%), Ҳиндустон (7,7%), Русия (6,6%) рост меояд.

Пас аз он Қазоқистон (4,5%), Дания (2,6%), Нидерланд (2%), Швейтсария (1,6%), ИМА (1,4%), Ҷумҳурии Корея, Олмон ва Финляндия 2 дар садӣ, ИМА, Белгия ва Камбоҷа 1дар садӣ.

Ғайр аз ин, аз аввали соли равон ба Тоҷикистон аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ кумаки ройгони молиявӣ расонида шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, ҷумҳурӣ аз Бонки ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар, Бонки Осиёии Рушд тақрибан 2 миллион доллар, Бонки Исломии Рушд 350 000 доллар) ва ғайра кумак дарёфт кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *