Сардухтури бемористони ноҳиявии Вахш бо иттиҳимои фурӯши либосҳои муҳофизатӣ ба табибони ҳамин беморхона боздошт шудааст. Гуфта мешавад сардухтур беш аз 50 либоси муҳофизатӣ фурӯхтааст.
Дирӯз сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ дар Вахш, ки насабаш Абдувалиев гуфта мешавад, аз тарафи кормандони шӯъбаи Вазорати корҳои дохила дар ҳамин ноҳия боздошт шуда, ҳоло дар идораи шӯъба қарор дорад.
Манбаъи Паём гуфт шояд то субҳ сардухтурро раҳо кунанд, чун онҳое, ки либосҳои муҳофизатиро барои фурӯш ба ӯ додаанд “одамони майда чуйда нестанд”.
Фурӯши кӯмакҳои башардӯстона аз тарафи табибон ва дорухонаву нафарони алоҳида як ҳодисаи маъмулист, аммо бори аввал аст, ки як сардухтур бо ин иттиҳом боздошт мешавад.
Сообщение ПАЁМ.net.