Рубрики Хабарҳо

Бритониё: тарҳи Валерий Герасимов комилан шикаст хӯрд

Хадамоти иктишофии Бритониё дар тарфсири навбатиаш аз ҷанги Укроин гуфт тарҳи Валерий Герасимов, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, муовини аввали вазири дифоъ ва фармондеҳи нерӯҳои мутаҷовизи Русия дар Укроин комилан шикаст хӯрд.

Дар ин тафсир омадааст, “пас аз 80 рӯз аз таъйин шудани Валерий Герасимов ба ҳайси фармондеҳи амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Русия алайҳи Укроин комилан рӯшан аст, ки идеяи ӯ бо ҳамлаи зимистона комилан ноком шудааст. Истилогарон даҳҳо хазор нафар сарбоз куштаву маҷрӯҳ талаф дода, танҳо ба пешравии минималй ноил шуданд ва ҳамин тавр бартарии ададиро, ки дар натиҷаи сафарбаркунй ба даст оварда шуда буд, аз даст доданд».

Қаблан ин ниҳод гузориш дода буд, ки дар қариб ҳашт моҳи зарухӯрд барои Баҳмут, нерӯҳои Русия ҳамагӣ чанд километр пеш рафтаанд.

Гуфтанист, ҳоло нерӯҳои укроинӣ ба як зидҳамлаи бузург омодагӣ мегиранд. Ин ҳамла бо хушк шудани заминҳо метавонад шурӯъ шавад ва ҳадафи ниҳоияш баргардонидани нимҷазираи Крим аст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *