Раиси саноеъи дифоъии раёсатҷумҳурии Туркия гуфтааст ҷангандаи миллии Туркия “Каан” шамшери кишвар дар фазо хоҳад буд.
Исмоил Дамир, раиси саноеъи дифоъии раёсатҷумҳурии Туркия дар бораи ҷангандаи миллии Туркия “Каан” гуфтааст ин ҷанганда дорои чанд вижагии хос аст, аз ҷумла: барои радар диданашаванда аст, комилан диҷитолӣ мебошад, пурра ба сурати электироникӣ бо системҳои мухталиф дар иртибот аст.
Вай бо ишора ба аҳамияти ҷангандаи миллии Туркия Каан” изҳор дошт “ҳадафи мо сохти ҳавопаймои ҷангандаи насли панҷум аст. Нақши як бомбафкан ва ҷангандаи чандманзура ва ҳамакораро бар ӯҳда хоҳад дошт.
Дамир афзуд: мо қобилияте хоҳем дошт, ки дар кишварҳои бисёр каме дар дунё дида мешавад ва кишварҳои бисёр каме соҳиби он ҳастанд.
Вай бо таъкид бар ин ки кор бар рӯйи системҳои ҷадид барои “Каан” идома дорад, гуфт “ин ҷанганда шамшери мо дар фазо хоҳад буд”.