Бӯҳрони сиёсӣ дар Афғонистон рӯзи якшанбе шадидтар гардид. Зеро дар ин рӯз дуввумин волии ин кишвар эълом кард фармони президент Ашраф Ғаниро дар бораи барканории худ иҷро нахоҳад кард.
Дафтари Раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбеи гузашта эълом кард, ки Ашраф Ғанӣ бо интисоби 5 волии ҷадид барои вилоятҳои кишвар мувофиқат кардааст. Аммо рӯзи баъд Абдулкарим Хаддом, волии Самангон гуфтааст барканории вай аз сӯи Раисҷумҳур қобили қабул нест ва ӯ фармонро иҷро нахоҳад кард.
Ба гузориши “Садои Амрико”, Хаддом фармони барканориашро номунсифона хонда ва мегӯяд тасмими Раисҷумҳур мухолифи хостаи мардуми Самангон аст. Ашрафғанӣ дар фармони рӯзи шанбе, Абдулатиф Иброҳимро ба ҷой Хаддом ба унвони волии Самангон мансуб кард. Абдулатиф узви Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбидин Ҳикматёр, ҷангсолори паштун аст, ки рақиби сарсахту суннатии Ҷамъияти исломӣ мебошад.
Хаддом мегӯяд, тасмими ниҳоӣ дар мавриди ӯ бо туркмантаборони Самангон ва Ҳизби Ҷамъияти исломӣ аст, ки вай узви он мебошад.
Ҳизби ҷамъияти исломӣ шарики эътилофи Ашраф Ғанӣ дар давлати ваҳдати миллӣ аст. Ҳукумати Ваҳдати миллӣ пас аз интихоботи гузаштаи Афғонистон баъди он ташкил шуд, ки тарафдорони Абдулло Абдулло номзади худро пирӯзи интихобот медонистанд ва Комисиюни интихоботии Афғонистонро муттаҳам ба тақаллуб карданд. Ҳатто раиси Комисиюни интихоботии Афғонистон пас аз он интихобот ба Бритонё фирор кард, ки боиси баҳсҳои зиёд дар ин кишвар гардид.
Аммо пас аз бурузи ихтилофот дар ҳукумати Ваҳдати миллӣ, Ҷамъияти исломӣ даст ба эътирозҳое зад, ки то ҳол ҳалли худро наёфтаанд. Пештар Атомуҳаммад Нур, волии Балх низ, ки 13 сол дар он ҷо ҳукумат мекард аз иҷрои фармони раёсатҷумҳурӣ дар бораи барканории худ сар боз зад. Нур гуфт то замоне, ки давлати марказӣ бархе хостаҳои Ҷамъияти исломиро анҷом надиҳад ба хидмат дар ин вилояти ором идома хоҳад дод. Нур ҳам аз Ҳизби ҷамъияти исломӣ аст ва Ашраф Ғаниро ба интисобҳои қавмгароёна муттаҳам мекунад. Раисҷумҳур Ғанӣ ин иттиҳомро бепоя хондааст.
Волии Балх гуфтааст дар охири моҳи ҷорӣ ба муддати се рӯз, тарафдорони худро аз 15 вилоят ба Кобул фаро мехонад то ба иқдомҳои инҳисорталабонаи Ашрафғанӣ эътироз кунанд. Эътирози тарафдорони Нур бо баргузории конфронси байналмилалии рӯзи 28 феврал дар бораи Афғонистон бо ҳадафи пешбурди сулҳу созиш бо толибон ҳамзамон аст.
Мушкили дигаре, ки ба тозагӣ буруз карда ва эътирози Абдуллоҳ ва тарафдорони Ҳизби ҷамъияти исломиро барангехтааст тасмими давлати Ғанӣ ба судури кортҳои миллӣ барои ҳамаи мардуми кишвар ва афзудани унвони «афғон» барои ҳама ақвом бар кортҳо аст. Тоҷикҳо ва дигар қавмҳои Афғонистон чунин корро муғойири ҳуввияти қавмии мардуми Афғонистон медонанд ва ин амр баргузории интихоботро бо мушкил рӯ ба рӯ кардааст.