Агар чанд соли пеш гаравидани шахсиятҳои шинохта ба дини мубини ислом, бисёриҳоро шигифтзада мекард, имрӯзҳо пайвастани шахсиятҳои машҳур ва шинохта ба дини Ислом дар кишварҳои Ғарб касеро ҳайрон намекунад.
Созмонҳои байналмилалии оморӣ низ дар оморҳои худ нишон дода истодаанд, ки сол ба сол теъдоди мусалмонон аз ҳисоби шахсони огоҳу соҳибмаълумоти ҷомеъаи ғарбӣ меафзояд. Мардуми ғарб дар солҳои охир новобаста аз ҳама тарғиботҳои зиддиисломии расонаҳо ба дини ислом рағбати зиёде пайдо кардаанд.
Гузашта аз ин, дар кишварҳои ғарбӣ, дар солҳои охир, тамоюли ҳамгироӣ ва ҳамзистии мардуми таҳҷоӣ бо муҳоҷирони мусалмон, ки аз кишварҳои диктаторӣ ва ҷангзада ба Аврупо ва дигар кишварҳои ғарб паноҳ бурдаанд, рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Агар пештар мардуми ғарбро тавассути расонаҳо аз мусалмонон метарсониданд ва аз мусалмон як чеҳраи хашин ба намоиш мегузоштанд, алъон бо сабаби маскун шудани сели зиёди муҳоҷирони мусалмон дар кишварҳои ғарб, мардум муомилаву муносибат, ахлоқу одоб, инсондӯстиву эътидоли мусалмононро бо чашми худ мебинанд ва бозори найрангу фиреб ва назарфиребонаи душманони ислом дорад рӯз ба рӯз рӯ ба касодӣ меоварад ва ин ҳолат дар ҳаёти имрӯзи кишварҳои ғарб қобили мушоҳида аст.
Гаравидани Артур Вагнер ба ислом, ки шахси шинохта, фаъоли сиёсӣ ва вакили парлумон аз ҳизби “Алтернативаи Олмон” мебошад, метавонад далели гуфтаҳои боло бошад.
Артур Вагнер, дар собиқ яке аз сарсахттарин шахсоне буд, ки исломро ҳамчун дини ифротгароён ва мусалмононро як миллати хушунатталаб ва рӯҳан мурда, унвон мекард.
Артур Вагнер дар бораи гаравиданаш ба дини ислом гуфтааст, ки дар натиҷаи мутолиъаи зиёди китобҳои исломӣ ва омӯзиши ҳаёти воқеъии мардуми мусалмон ба ин хулоса расидааст, ки дар ҳақиқат дини мубини ислом, дини саодат ва роҳҳали мушкилиҳои замони имрӯз аст.
“Ҷаҳони имрӯз чунон ба ботлоқи фасодҳои ахлоқӣ ба монанди ҳамҷинсгароӣ, нашъамандӣ ва ғайра гирифтор шудааст, ки ҳеҷ низоме ва ё дине ба ҷуз ислом аҳли башарро аз ин ботлоқ наҷот дода наметавонад, ман мутаассифам, ки қисми зиёди ҳаёти ман дар ғафлат гузаштааст. Ман пештар ислом ва мусалмононро таҳқир мекардам, дашном медодам, аммо имрӯз бошад, эҳтиром ба соири адёнро низ аз ислом омӯхтам. Ман дар ислом худро як масеҳии содиқ эҳсос мекунам. Чун дар ислом ба ҳеҷ як дини осмонӣ ва паёмбаронаш тавҳине вуҷуд надорад. Баръакс ҳама паёмбарон назди мусалмонон соҳибэҳтироманд”, — гуфтааст Артур Вагнер дар мусоҳиба бо нашрияи The Guardian
Вагнер афзудааст: “Шумо бубинед, имрӯз ҷаҳон аз фасоди ахлоқии ҳамҷинсгароӣ ранҷ мебарад ва роҳҳои халосӣ аз ин бемории нангинро меҷӯяд, аммо роҳибони калисоҳои Олмон ва Шветсария дар ҳамоишҳои ҳамҷингароён иштирок мекунанд, дар баробари издивоҷи ҳамҷингароён ҳарфе гуфтанӣ надоранд. Ин тамоман қобили қабул нест, балки ҷои шарму нанг аст. Ислом тамоми ҳаёти инсониро дар бар мегирад. Ба ҳама мавзӯъҳо роҳнамоиҳои инсонсоз ва башардӯстона дорад. Касоне мехоҳанд, аз ислом чизеро бифаҳманд, холисона ба мутолиъаи адабиётҳои ин дин бипардозанд ва ба ҳаёти мардуми оддии мусалмон таваҷҷӯҳ намоянд”.
Тибқи иттилои баъзе расонаҳои хабарӣ, ин сиёсатшиноси машҳури олмонӣ дар моҳи октябри соли гузашта ба ислом гаравида будааст, вале қарор кардааст, ки дар охири моҳи январи соли ҷорӣ дар бораи он нақл кунад.
Тағйири бовар ба дини узви ҳизбе, ки аксарияти аъзо ва фаолонаш ба дини ислом ва мусалмонон хушбин набуданд, сару садое дар ҷомеъаи олмонӣ ба вуҷуд овардааст.
Аз рӯи маълумотҳо дар бораи ҳасби ҳоли Вагнер, ӯ пештар узви ҳизби “Иттиҳоди масеҳӣ-демократӣ” будааст, ки роҳбарии ин ҳизбро айни ҳол Ангела Меркел, кантслери Олмон ба ӯҳда дорад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 2013 дар Нидерландия як узви ҳизби зиддиисломии «Ҳизби Озодӣ»- Ван Арнуд Дум низ ба дини мубини Ислом гаравида, аз ҳама баромадҳо ва суханрониҳои зиддиисломияш изҳори пушаймонӣ намуд. Баъдан ин сиёсатмадор дар мавсими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунад ва зиёрати Хонаи худо ва маносики ҳаҷро ба ҷо меоварад.