Як ҳайати фаннии Эрон барои пайгирии бозкушоии сафорат ва консулгарӣ дар Арабистон вориди Риёз шуд. Эрон интизор дорад бо оддисозии муносиботи худ бо Арабистон сатҳи табаддулоти тиҷориашро аз 250 миллион доллар кунун то се миллиард доллар афзоиш диҳад.
Расонаҳои Эрон аз сафари ду ҳайати эронӣ барои боздид ва омодасозии муқаддамоти роҳандозии сафорат ва консулгарии Эрон дар Арабистон хабар доданд. Ҳайатҳои ёдшуда тибқи тавофуқи ахири ду кишвар дар Пекин, рӯзи чаҳоршанбе 11 апрел вориди Риёз шуданд.
Қарор аст яке аз ин ҳайатҳо барои роҳандозии консулгарӣ озими Ҷидда шавад то намояндагии Эрон дар Созмони ҳамкории исломиро низ барои бозкушоӣ омода кунад.
Хабаргузории Рейтерз ҳам дар ин иртибот ба нақл аз яке аз шоҳидон гузориш додааст, ки “дарвозаҳои сангини мақари сафорати Эрон дар Риёз боз ва тими эронӣ дар ҳоли бозрасӣ аз маҳал буда” аст.
Тибқи гузориши хабарнигори Рейтерз аз маҳал, як мошини борбари сафедранг низ дар ҳоли вуруд ба дохили ҳавлии сафорат дида шудааст.
Носир Канъонӣ, сухангӯйи вазорати хориҷа ҳам пеш аз ин аз вуруди ҳайати муташаккил аз мақомҳои Арабистон ҷиҳати баррасии созукорҳои бозкушоии сафорат ва консулгарии Арабистон дар Теҳрон ва Машҳад хабар дода буд.
Равобити Арабистон бо Эрон аз соли 2016 пас аз ҳамла ба сафорати ин кишвар дар Теҳрон қатъ шуда буд ва акнун бо миёнҷигарии Чин ду кишвари мусулмон тасмим гирифтанд муносиботи худро оддӣ кунанд.
ИРНА дар гузориши муфассали оддисозии муносибот бо Арабистонро таҳлил карда ва онро “руидодҳои суботсози доминоӣ” тавсиф карда, ки Ховари Миёна муддатҳост аз он маҳрум шудааст.
Ин хабаргузории давлати Эрон бидуни ишора ба бенатиҷаи будани ҳамла ба сафорати Арабистон аз шитоби оддисозии муносиботи ду кишвар сухан гуфта ва таъкид карда, ки ду кишвар барои ҳали чолишҳои Ховари Миёна омода ҳастанд.
ИРНА дар тавҷеҳи “чарои шитоб дар раванди оддисозии равобит” навиштааст: “ин шитоб реша дар бисёре аз воқеиёти минтақа ва ҷаҳон аз як сӯ ва аҳдофи баландмуддати мақомоти ду кишвар дар ҳавзаи сиёсати дохилии худ дорад.”
Дар бораи “ҳавзаи сиёсати дохилӣ” ИРНА тавзеҳи бештаре надодааст.
Мақомоти эронӣ интизор доранд сатҳи додугирифти тиҷорӣ бо Арабистон аз 250 миллион доллари кунунӣ то се миллиард доллар боло равад.
Ба навиштаи ИРНО «ҳар ду кишвар аз қатъи ҳафтсолаи равобит осеб диданд ва ин осеб дар сатҳи минтақа мушаххас ва эҳсосшаванда аст» ва поён додан ба ин «раванди осебзо», яке аз муҳиммтарин далоили азми Эрону Арабистон барои аз саргирии равобит ва шитоб дар ин замина аст.
Расонаҳои Эрон аз оддисозии муносиботи Эрону Арабистон истиқбол карданд, аммо дар бораи ин ки ҳамла ба сафорати кишварҳо чӣ осеб ва зарари сиёсӣ ва иқтисодӣ расондааст тавзеҳе надодаанд.
Дар бораи эъдоми Нимр ал-Нимр, рӯҳонии барҷастаи шиа дар Арабистон, ки иллати аслии барҳам хӯрдани равобит миёни Эрону Арабистон буд низ сухане ба миён наомадааст.
Расонаҳои Эрон аз ҳузури як ҳайати Яманӣ дар Теҳрон низ хабар доданд, ки барои оташбас дар Яман ба Теҳрон сафар кардааст.
ИРНА зимни ишора ба ҷанги дохилии Яман менависад: “ҳамроҳии Эрон ва Арабистон ба унвони ҳомии ду гурӯҳи даргир метавонад ба даҳшати ин ҷанг поён дода ва ба улгуе барои дигар буҳронҳои минтақа табдил шавад.”
Мақомоти эронӣ изҳори умедворӣ карданд, ки «созиш миёни Эрону Арабистон» мунҷар ба «тармим»-и равобити Баҳрайн ва дигар кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс бо Эрон шавад.