Рубрики Хабарҳо

Тасмими интиқоли кудакони тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон бидуни модаронашон

Мақомоти Тоҷикистон 95 кӯдаки тоҷикро барои бозгардондан аз Ироқ ба ватан сабтином кардаанд.

Бар асоси муқарррароти қонуни Ироқ модарони маҳкумшуда ба ҳабсҳои тӯлонӣ, бояд ба интиқоли фарзандонашон ба оғӯши ватан ризоят бидиҳанд.

Лекин Зубайдуллоҳ Зубайдзода сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ , ки аз ҷониби

ҳукумат муваззаф ба баргардондани кӯдакони тоҷик шуда аст, дар сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ гуфта аст, ки аз 43 зани тоҷик 15 нафари аз онҳо ба ин иқдом ризоят надодаанд. Ба назар мерасад аксарияти онҳо аз пазируфта нашудани фарзандонашон тавассути хешу таборони сокин дар Тоҷикистон нигарон ҳастанд.

Ин дипломати тоҷик гуфтааст ки бо пайвандони ин занҳо дар иртиботанд ва дар ҳар сурат кӯдаконро бармегардонанд. ”Ин супориши раисҷумҳур аст. Агар ин ҷо хешу табор надоранд ва ё қабул намекунанд, онҳо фарзандони давлат ҳастанд. Давлат онҳоро нигоҳубин мекунад”.

Ҳамчунин ӯ афзуд: Раисҷумҳур мегӯяд, ки кӯдакон ҳеҷ гуноҳе надоранд.

Ногуфта намонад, ки рӯйхати таҳияшуда барои кӯдакон ва занон ҳанӯз ниҳоӣ нест ва имкони кам ё зиёд шуданаш вуҷуд дорад зеро ба гуфтаи мақомот ҳолатҳое ҳам будааст ки занони тоҷик худро шаҳрванди кишвари дигаре муаррафӣ кардаанд.

Тибқи иттилооти расмӣ, зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони тоҷик — шомили зан ва кӯдак ба Сурия ва Ироқ сафар кардаанд. Ба гуфтаи мақомот мусофирати аксари занҳо дур аз хоҳиши худашон ва ба иҷбори шавҳаронашон будааст.

Зубайдуллоҳ Зубайдзода мегӯяд ки аз мақомоти Ироқ дархости озодии занони маҳбусро кардааст. Ба ақидаи ӯ аксари занони тоҷик фиреб хӯрдаанд ва ҳеҷ тасаввуроте аз ақидаҳои ДИИШ надоранд. Аз ин рӯ имкони авфашон тавассути ҳукумати Ироқ вуҷуд дорад.

Пас аз шикасти ДИИШ занон ва кӯдакони зиндамондаи Ироқ дар зиндон ва Сурия дар паноҳгоҳҳои Созмони Милали Мутаҳид ба сар мебаранд. Тақрибан 1900 нафар аз шаҳрвандони тоҷик ба ин ду кишвар сафар кардаанд ки сарнавишти аксарияташон номаълум боқӣ мемонад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *