Рубрики Хабарҳо

Буҷаи низомии беш аз як триллион долларии НАТО дар соли 2018

Кишварҳои узви НАТО имсол дар маҷмӯъ бештар аз як триллион доллар барои ҳазинаҳои дифоъӣ ихтисос хоҳанд дод.

Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) эълом кард, ки дар соли 2018 кишварҳои узви ин созмон тахминан як триллиону 13 миллиарду 406 миллион доллар барои ҳазинаҳои дифоъи ихтисос хоҳанд дод.

Бар ин асос Иёлоти муттаҳидаи Амрико 3.5 дарсади даромади нохолиси дохилии худро барои ин ҳазинаҳо дар назар хоҳад гирифт. Пас аз Амрико, Юнон бо 2.27 дарсад, Эстония бо 2.14 дарсад, Англия бо 2.1 дарсад ва Латвия бо 2 дарсад қарор доранд.

Фаронса 1.81 дарсади даромади нохолиси дохилӣ, Олмон 1.24, Ҳолланд 1.35 дарсад ва Италия 1.15 дарсадро барои ҳазинаҳои дифоъи ихтисос медиҳанд.

Дар соли 2018 Туркия, ягона кишвари мусалмоннишини узви ин созмон 1.68 дарсади даромади нохолиси дохилиашро барои ин ҳазинаҳо ихтисос хоҳад дод.  Ин кишвар дар маҷмӯъ имсол 15 миллиарду 219 миллион доллар ҳазина дифоъӣ дорад.

Кишварҳои узви НАТО, ки камтарин дарсади даромадҳои худро сарфи ҳазинаҳои дифоъӣ хоҳанд кард, ба тартиб Люксембург, Белгия ва Испания ҳастанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *